https://sputnik.tj/20221120/afzoishi-tedod-khoja-mohiparvar-tojikiston-1052952252.html
Афзоиши теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвару сайди моҳӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвару сайди моҳӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шумори хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар даҳмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд шудаст
2022-11-20T16:25+0500
2022-11-20T16:25+0500
2022-11-20T16:25+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
иқтисод
моҳӣ
хоҷагидорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133482_0:99:3077:1830_1920x0_80_0_0_091525b66e1532947895ed7779f23939.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. То оғози моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2.3 ҳазор тон моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки сайди моҳӣ соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 457 тонна зиёд мебошад."Дар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки дар ҷамъбасти нуҳмоҳа хабар дода шуда буд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст.Бар асоси иттилои расмӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон беш аз 1534 тонна, дар Суғд 444 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна сайд шудааст.Ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ арзёбӣ гардидаст.Маблағи умумии моҳӣ 42, 3 млн сомониро ташкил дода буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 47% зиёд мебошад.Дар Тоҷикистон аслан пешониғафси сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, амури сафед ва дигар навъи моҳиҳо парвариш карда мешавад.Бо вуҷуди афзоиши сайди моҳӣ дар Тоҷикистон талаботи кишвар ҳанӯз аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ҳанӯз қонеъ намешавад. Қаблан таъкид шуда буд, ки барои қонеъ кардани аҳолии Тоҷикистон бо моҳӣ солона ҳадди ақал 14 ҳазор тонна зарур мебошад.
https://sputnik.tj/20221120/buz-govu-gusfand-tojikiston-1052951417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133482_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_7fcd77a1e553baebc638a715bdba931e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, тавлид, моҳӣ, тоҷикистон
афзоиш, тавлид, моҳӣ, тоҷикистон
Афзоиши теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвару сайди моҳӣ дар Тоҷикистон
Шумори хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар даҳмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд шудаст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. То оғози моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2.3 ҳазор тон моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки сайди моҳӣ соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 457 тонна зиёд мебошад.
"Дар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷамъбасти нуҳмоҳа хабар дода шуда буд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон беш аз 1534 тонна, дар Суғд 444 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна сайд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ арзёбӣ гардидаст.
Маблағи умумии моҳӣ 42, 3 млн сомониро ташкил дода буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 47% зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон аслан пешониғафси сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, амури сафед ва дигар навъи моҳиҳо парвариш карда мешавад.
Бо вуҷуди афзоиши сайди моҳӣ дар Тоҷикистон талаботи кишвар ҳанӯз аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ҳанӯз қонеъ намешавад. Қаблан таъкид шуда буд, ки барои қонеъ кардани аҳолии Тоҷикистон бо моҳӣ солона ҳадди ақал 14 ҳазор тонна зарур мебошад.