Варзишгарони тоҷик дар Қаҳрамонии кушоди ҷаҳонӣ чор медал гирифтанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗанятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств
Занятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2022
Обуна шудан
Ба хазинаи варзишии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон якбора ду медали тилои нав ворид шуд, ки онҳоро варзишгарони тоҷик аз мусобиқа дар Санкт-Петербург ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шаҳром Маҳмуродов ва Мироев Шаҳбоз дар Қаҳрамонии кушоди ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу ду медали тило гирифтанд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Сомон Турсунзода медали нуқра ва Муҳаммад Шерализода нишони биринҷииин мусобиқаро азхуд кард.
Қаҳрамонии кушоди ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу 13 декабр оғоз гардид ва то 18 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия идома меёбад. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарони тоҷики риштаи ҷиу-ҷитсу дар Русия зӯрозмоӣ мекунанд
Дар феҳрасти 11-нафарии варзишгарони Тоҷикистон аз ҷумла хурдсолон низ ҳастанд, ки дар пойтахти шимолии Русия нерӯи худро санҷиданд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи ноябр ҳайати Тоҷикистон дар Амороти Муттҳадиаи Араб дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карда, бо 10 медал баргашт.
Аз ҷумла як нишони биринҷиро барои Тоҷикистон Раҳимов Абдуманон дар сабқат миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0