https://sputnik.tj/20221217/maydon-siyosat-posukh-darkhosti-sukhanroni-zelenskiy-1053586191.html
Майдон ҷойи сиёсат нест: посух ба дархости суханронии Зеленский қабл аз бозии финалии ҶҶ
Майдон ҷойи сиёсат нест: посух ба дархости суханронии Зеленский қабл аз бозии финалии ҶҶ
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони як нашрияи бритониёӣ Зеленскийро барои пешниҳоди суханронӣ карданаш қабл аз финали Ҷоми ҷаҳонии футбол зери танқиди шадид қарор додаанд
2022-12-17T13:30+0500
2022-12-17T13:30+0500
2022-12-17T13:30+0500
фифа
украина
владимир зеленский
футбол
ҷавонон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар ҷаҳон
бехатарӣ дар ҷаҳон
ҷоми ҷаҳонӣ
ҷоми ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_0:810:2200:2048_1920x0_80_0_0_2086683a686340f43ec640ece208b44f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Паёми видеоии Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, қабл аз оғози бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дар варзишгоҳ сурат намегирад. Бино ба гузориши CNN, дархости пахши суханронии ӯ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рад карда шуд. Ба иттилои манбаъ, раддияи ин ниҳоди варзишӣ намояндагони дастгоҳи президенти Украинаро ба ҳайрат овардааст. Гуфта мешавад, ки музокироти дафтари Зеленский ва ФИФА дар ин бора идома дорад. Дар ҳамин ҳол, Ҷанни Инфантино, раиси ин федератсия гуфтааст, ки — майдони футбол ҷои амалкард ва эътирозҳои сиёсӣ нест. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ФИФА тасмими тамдиди аксияи “бидуни табъиз”-ро аз даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Қатар ба тамоми бозиҳои чемпионат эълон кард. Дар пайи ин посухи ФИФА хонандагони нашрияи бритониёии Daily Mail ба президенти Украина ришхандҳо задаанд."Ин дафъа ФИФА хуб амал кард", ишора кардааст opionatedknob.Хонандае бо номи old sweat аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки Зеленский мехоҳад чеҳраи ӯро дар ҳама ҷо таъмин кунад. "Ин бача мехоҳад, ки чеҳрааш дар ҳама ҷо бошад. Ба мо истироҳат диҳед ва биёед футболро тамошо кунем", - навиштааст корбар.Hon Estone бошад, футболро омиле номид, ки ҷаҳонро муттаҳид мекунад ва аз ин рӯ ба ягон муноқиша рабте надорад: “Футбол ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Мухлисон аз тамошои бозӣ лаззат мебаранд. Бозингарон барои гирифтани ҷом мубориза мебаранд. Ғолиб ё бохт, онҳо ба ҷанг намераванд. Муноқиша дар Украина ба футбол рабте надорад”.Ба ҳамин монанд даҳҳо назарҳое ҳастанд, ки дигар аз чунин изҳоротҳо хаста шудаанд.Қаблан, Зеленский паёмҳои видеоияшро, аз ҷумла, дар маросими ҷоизаҳои мусиқии "Грэмми"-и Амрико ва дар ҷашнвораи филми Канн дода буд ва гумон мекард, ки ФИФА низ иыоза хоҳад дод, аммо Инфантино принсипи "варзиш аз сиёсат дур"-ро риоя кард. Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар рӯзи 18 декабр баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.
https://sputnik.tj/20221112/peshnihod-olmoniho-zelenskiy-1052781725.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_188:711:1971:2048_1920x0_80_0_0_689c8a5bb720c988c1396868304cf134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
майдон сиёсат дархости суханронӣ зеленский
майдон сиёсат дархости суханронӣ зеленский
Майдон ҷойи сиёсат нест: посух ба дархости суханронии Зеленский қабл аз бозии финалии ҶҶ
Хонандагони як нашрияи бритониёӣ Зеленскийро барои пешниҳоди суханронӣ карданаш қабл аз финали Ҷоми ҷаҳонии футбол зери танқиди шадид қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Паёми видеоии Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, қабл аз оғози бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дар варзишгоҳ сурат намегирад.
Бино ба гузориши CNN, дархости пахши суханронии ӯ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рад карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, раддияи ин ниҳоди варзишӣ намояндагони дастгоҳи президенти Украинаро ба ҳайрат овардааст.
Гуфта мешавад, ки музокироти дафтари Зеленский ва ФИФА дар ин бора идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷанни Инфантино, раиси ин федератсия гуфтааст, ки — майдони футбол ҷои амалкард ва эътирозҳои сиёсӣ нест.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ФИФА тасмими тамдиди аксияи “бидуни табъиз”-ро аз даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Қатар ба тамоми бозиҳои чемпионат эълон кард.
Дар пайи ин посухи ФИФА хонандагони нашрияи бритониёии Daily Mail ба президенти Украина ришхандҳо задаанд.
"Ин дафъа ФИФА хуб амал кард", ишора кардааст opionatedknob.
Хонандае бо номи old sweat аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки Зеленский мехоҳад чеҳраи ӯро дар ҳама ҷо таъмин кунад. "Ин бача мехоҳад, ки чеҳрааш дар ҳама ҷо бошад. Ба мо истироҳат диҳед ва биёед футболро тамошо кунем", - навиштааст корбар.
"Чаро касе бояд ба ин ҳаҷвнигор барои намоишаш саҳнаи дигар диҳад? Вақти он расидааст, ки ғурурро поин биёред ва дар бораи сулҳ суҳбат кунед. Вай халқи худро барои нафси худ қурбон мекунад”,- гуфтааст хонандаи дигар Curiouspc.
Hon Estone бошад, футболро омиле номид, ки ҷаҳонро муттаҳид мекунад ва аз ин рӯ ба ягон муноқиша рабте надорад: “Футбол ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Мухлисон аз тамошои бозӣ лаззат мебаранд. Бозингарон барои гирифтани ҷом мубориза мебаранд. Ғолиб ё бохт, онҳо ба ҷанг намераванд. Муноқиша дар Украина ба футбол рабте надорад”.
"ФИФА ба таври дуруст дархостҳои Зеленскийро рад кард, ки фикр мекунад, ҳоло ҷаҳонро ҳукмронӣ мекунад", - гуфт lazytocook.
Ба ҳамин монанд даҳҳо назарҳое ҳастанд, ки дигар аз чунин изҳоротҳо хаста шудаанд.
Қаблан, Зеленский паёмҳои видеоияшро, аз ҷумла, дар маросими ҷоизаҳои мусиқии "Грэмми"-и Амрико ва дар ҷашнвораи филми Канн дода буд ва гумон мекард, ки ФИФА низ иыоза хоҳад дод, аммо Инфантино принсипи "варзиш аз сиёсат дур"-ро риоя кард.
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар рӯзи 18 декабр баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.