Дар Маскав як бемории хатарнок миёни муҳоҷирон паҳн мешавад

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкМигранты
Мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2022
Обуна шудан
Сардухтури санитарии Маскав аз афзоиши маризӣ дар миёни шаҳрвандони хориҷие, ки дар пойтахти Русия зиндагӣ мекунанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Маскав вазъияти мушкили сирояти менингококк (бактерияи барангезандаи менингит) вуҷуд дорад. Дар ин бора сардухтури давлатии санитарии Маскав Елена Андреева дар доираи форуми шаҳрии мутахассисон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ин беморӣ асосан дар муҳоҷирон сабт шудааст.
"Мо дар шаҳр дар робита ба сирояти менингококк вазъияти душвор дорем, муҳоҷирон дар ин ҷо бемор мешаванд, асосан аз он сабаб, ки муҳоҷирон аз ҷиҳати масуният комилан "пок" ба Маскав меоянд ва аз ин рӯ бемор мешаванд", - изҳор дошт Андреева.
Вай тавзеҳ дод, ки табибон тамоми блоки омодагиро кор кардаанд, то шаҳрро сирояти менингококк фаро нагирад.
Дар ҳамин ҳол, пизишк ҳамчунин афзуд, ки афзоиши шумори ин беморӣ дар тобистон ба қайд гирифта шудааст, аз ин рӯ мақомот ба он омодаанд, ки ин вазъ бадтар шавад.
"Мо ваксинаро аз захираи давлатӣ гирифтем ва имрӯз Раёсати тандурустӣ, мутахассисони бахши аввалия бо гурӯҳҳои саҳроӣ муҳоҷиронро моякубӣ мекунанд", - афзуд ӯ.
Ситуация в связи с коронавирусом в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Ошкори зукоми хукӣ дар 74 минтақаи Русия
Зикр гардид, дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ 32 ҳодисаи хуруҷи ин беморӣ ошкор гардида, шумораи тамосҳо – 10 682 нафар, ваксинашудагон – 8 868 нафар.
Ҳадафи маърака то 25 декабр фаро гирифтани ҳар чӣ бештари муҳоҷирон бо ваксина мебошад.
Лентаи хабарҳо
0