https://sputnik.tj/20221217/dushanbe-konfrons-mintaqavi-hamvatanon-rus-oghoz-1053595272.html
Дар Душанбе конфронси минтақавии ҳамватанони рус оғоз шуд
Дар Душанбе конфронси минтақавии ҳамватанони рус оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиён давоми ду рӯз масъалаҳои муттаҳидшавӣ дар баробари чолишҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанонро баррасӣ мекунанд 17.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-17T19:54+0500
2022-12-17T19:54+0500
2022-12-17T19:54+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иҷтимоъ
россотрудничество
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/81/1030638117_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_b7bd21b3b6bc71581d5ba3e203aadfb2.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Душанбе дар як конфронси минтақавии ҳамватанони рус аз кишварҳои ҳамсоя масоили муттаҳидсозӣ баррасӣ мешавад. Дар чорабинӣ намояндагон аз Абхозистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон, Украина, Осетияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон ширкат доранд. Рӯзҳои 17-18 декабр дар бинои Хонаи Русия намояндагони мақомот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои мубрами диаспора, муттаҳидсозии ҷомеа ва ҳамкории фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҷонишини раиси комитети Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналхалқӣ Баир Жамсуев дар конфронс қайд намуд, ки ҷаҳони имрӯза рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронад.Ба гуфтаи ӯ, Русия бо анҷоми як амалиёти вижа на танҳо мардуми Донбасс, таҳқиру тамасхур аз хотираи таърихии онҳо, балки тамоми ҷаҳони Русияро аз наслкушӣ муҳофизат мекунад. Кор бо ҳамватанон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия мебошад. Зимнан, сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев ба ҳамватанон барои саҳмашон дар таблиғ ва паҳн кардани мероси фарҳангии Русия, арзишҳои маънавии Русия, баргузории чорабиниҳо бахшида ба санаҳои фаромӯшнашаванда ва ҷашнҳои миллии Русия изҳори сипос намуд.Дар давоми ду рӯз иштирокдорони конфронс масъалаҳои муттаҳидшавӣ дар баробари чолишҳои муосир, ҳифзи ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанонро баррасӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20221212/dushanbe-hamoish-farhangi-rusiya-tojikiston-video-1053469175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/81/1030638117_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_465264955cdaba610726268f5fb2deaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, иҷтимоъ, россотрудничество, ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, дар русия, иҷтимоъ, россотрудничество, ҳамкорӣ
Дар Душанбе конфронси минтақавии ҳамватанони рус оғоз шуд
Иштирокчиён давоми ду рӯз масъалаҳои муттаҳидшавӣ дар баробари чолишҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанонро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Душанбе дар як конфронси минтақавии ҳамватанони рус аз кишварҳои ҳамсоя масоили муттаҳидсозӣ баррасӣ мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Абхозистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон, Украина, Осетияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Рӯзҳои 17-18 декабр дар бинои Хонаи Русия намояндагони мақомот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои мубрами диаспора, муттаҳидсозии ҷомеа ва ҳамкории фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҷонишини раиси комитети Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналхалқӣ Баир Жамсуев дар конфронс қайд намуд, ки ҷаҳони имрӯза рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронад.
Ба гуфтаи ӯ, Русия бо анҷоми як амалиёти вижа на танҳо мардуми Донбасс, таҳқиру тамасхур аз хотираи таърихии онҳо, балки тамоми ҷаҳони Русияро аз наслкушӣ муҳофизат мекунад.
Кор бо ҳамватанон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия мебошад.
Зимнан, сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев ба ҳамватанон барои саҳмашон дар таблиғ ва паҳн кардани мероси фарҳангии Русия, арзишҳои маънавии Русия, баргузории чорабиниҳо бахшида ба санаҳои фаромӯшнашаванда ва ҷашнҳои миллии Русия изҳори сипос намуд.
"Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо ҷомеаи ба ҳам наздик қодир аст, ки аз ҳуқуқҳои худ самараноктар дифоъ кунад, тиҷорати бомуваффақиятро инкишоф диҳад ва ҳувияти фарҳангиро ҳифз кунад", - таъкид кард Григорев.
Дар давоми ду рӯз иштирокдорони конфронс масъалаҳои муттаҳидшавӣ дар баробари чолишҳои муосир, ҳифзи ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанонро баррасӣ хоҳанд кард.