Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши тандурустӣ

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонИмзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши тандурустӣ
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши тандурустӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Ин созишнома дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст имзои созишномаи мазкур дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сурат гирифт.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки гурӯҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя дар бораи пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз 11 то 18 декабри соли равон дар шаҳри Алмаато қарор мегирад.
Спутниковая тарелка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ
Мутахассисони Тоҷикистон дар доираи ин сафари корӣ дар масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣиву иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффвқият густариш меёбанд.
Миёни ин ду кишвар беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0