https://sputnik.tj/20221214/tavofuq-tojikiston-qazoqiston-shabaka-aloqai-mohvora-1053531169.html
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд
2022-12-14T22:01+0500
2022-12-14T22:01+0500
2022-12-14T22:01+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
имзо созишнома
алоқа
моҳвора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/78/1024587864_0:43:1959:1144_1920x0_80_0_0_d9b80882b2b8effbaa81095245b3710b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкати “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ”-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии “Нет Солюшенс” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Казинформ”.Манбаъ таъкид кардааст, ки ширкатҳои тоҷикиву қазоқӣ дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд.Қайд карда шудааст, ки созишномаро директори генералии ширкати “Нет Солюшенс” Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон” Василий Леонов ба имзо расониданд.Таъкид шудааст, ки ширкати қазоқистонӣ омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.Хабар дода шудааст, ки системаи алоқаи моҳвораии “Kazsat” омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.“Ширкати қазоқистонӣ ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ дар бозори байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расонидани алоқаи кайҳонӣ хизмат намояд”, — гуфт муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ” Василий Леонов.Дар Қазоқистон системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии “Kazsat” мавҷуд аст, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии “Аккол” ва “Коктерек” иборат аст.
https://sputnik.tj/20221205/farhang-iqtisod-mashvarat-siyosi-tojikiston-qazoqiston-1053291979.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/78/1024587864_0:0:1813:1360_1920x0_80_0_0_7ec79ae572865a33481568d2204e65d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, шабака, алоқа, моҳвора, kazsat, алоқа
тоҷикистон, қазоқистон, шабака, алоқа, моҳвора, kazsat, алоқа
Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ
Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ширкати “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ”-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии “Нет Солюшенс” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Казинформ”.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ширкатҳои тоҷикиву қазоқӣ дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд.
Қайд карда шудааст, ки созишномаро директори генералии ширкати “Нет Солюшенс” Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон” Василий Леонов ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки ширкати қазоқистонӣ омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
Хабар дода шудааст, ки системаи алоқаи моҳвораии “Kazsat” омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.
“Ширкати қазоқистонӣ ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ дар бозори байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расонидани алоқаи кайҳонӣ хизмат намояд”, — гуфт муовини раиси ҶС “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ” Василий Леонов.
Дар Қазоқистон системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии “Kazsat” мавҷуд аст, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии “Аккол” ва “Коктерек” иборат аст.