Ҳимояти Тоҷикистон аз қатъномаи пешниҳодкардаи Русия дар СММ

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСессия Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) в Нью-Йорке
Сессия Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Дар маҷмӯъ120 кишвар ба ҷонибдории лоиҳаи қатъномаи пешниҳодкардаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид раъй дода, 50 кишвари дигар мухолиф баромаданд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Маҷмаи умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоишу қаҳрамонсозии нозигароиро қабул кард.
Лоиҳа таҳти унвони "Мубориза бо нозигароӣ, неомиллатгароӣ ва дигар аъмоли мусоидаткунанда барои шиддати нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, бегонаситезӣ ва таҳаммулнопазириҳои дигари марбута" аз ҷониби Русия ба аъзои Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.
Аз ин ташаббус 120 кишвари ҷаҳон ҷонибдорӣ карданд, ки дар ин миён Тоҷикистон низ ба тарафдории қатъномаи мазкур раъй дод.
Ҳудуди 50 кишвари ҷаҳон мухолифи ин қатънома баромаданд, ки дар ин феҳраст аз ҷумла ИМА, Лаҳистон, Олмон, Финландия, Италия ва Украина қарор доранд.
Ҳамин тариқ барои аввалин бор дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои "зид" баромаданд, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Эътилофи зиддиҳитлерӣ дохил буданд.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Истиснои истиноӣ: Путин Ғарбро ба нажодпарастӣ ва истеъмор муттаҳам кард
Дар зимн ҳудуди 10 кишвари дигари ҷаҳон дар мавриди қатъномаи пешниҳоднамудаи Русия бетарафиро ихтиёр кардаанд. Дар феҳрасти онҳое, ки аз додани раъй дар мавриди қатънома худдорӣ намудаанд, аз ҷумла Туркия, Швейтсария, Корея ва Афғонистон ном бурда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки муаллифони қатънома шадидан зуҳуроти таблиғ ва қаҳрамонтарошиҳо аз нозигароиро маҳкум мекунанд.
Дар ин санад ба давлатҳо тавсия дода шудааст, ки дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва таълим тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалиашон дар мавриди ҳуқуқи башар чораҳои мушаххас андешанд.
Аз ҷумла зарурати ҷилавгирӣ аз таҳрифу бозбиниҳои таъриху натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъкид шудааст. Дар баробари ин ҳуҷҷати қабулгардида аз давлатҳои узв даъват мекунад, ки ҳама гуна шакли табъизи нажодиро бартараф кунад.
Лентаи хабарҳо
0