Дар Тоҷикистон гази моеъ ва бензин арзон шуд

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Обуна шудан
Воридоти сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ бо нархи каме арзон тайи моҳи ноябр омили аслии поинравии қимати ин маҳсулот дар Тоҷикистон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи бензин ва гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза поён ёфтааст.
Ба ҳолати 15 декабр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душабе 1 литр бензини навъи 95 7 сомонию 80 дирам, бензини навъи 92 7 сомонию 40 дирам, сӯзишвории дизелӣ 11 сомонию 80 дирам арзиш дорад.
Гази моеъ низ арзон шуда, 1 литри он дар фурӯш 4 сомонию 90 аст.
Тавре АМИТ "Ховар" дар такя ба Хадамоти зиддиинҳисории кишвар менависад, коҳини қимати маводи сухт дар кишвар аз охирҳои моҳи ноябр ва аввалҳои моҳи декабр ба назар мерасад.
Рабочий в шахте Мариинского изумрудного прииска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд
"Аз 1 то 30 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе нархи 1 литр бензини навъи 95 аз 10 сомонӣ ба 8,40 сомонӣ, бензини навъи 92 аз 9,30 ба 8 сомонӣ ва гази моеъ аз 7 ба 5,80 сомонӣ паст фаромад", - афзудааст манбаъ.
Аз 1 то 13 декабр бошад, ба нишондоди ин нищод, нархи бензини навъи 95 аз 8,50 ба 7,80 сомонӣ, бензини навъи 92 аз 8,10 ба 7,30 сомонӣ, гази моеъ аз 5,90 ба 5, 30 сомонӣ поён рафт.
Ба гузориши Хадамоти гумруки кишвар, моҳи ноябр нархи миёнаи воридотии бензин ба ҷумҳурӣ 689 долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи октябри соли равон 47 доллар ё ба андозаи 6,4 фоиз коҳиш ёфта.
Аммо дар қиболи ин кишвар сӯзишвории дизелиро ба қимати 970 доллар харидааст, ки нисбат ба як моҳи қабл 61 доллар гаронтар будааст.
Гуфта мешавад, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Русия буда, 87,8% аз воридот ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамчунин ҳисааи Туркманистон 5,5 %, Беларус 2,6%, Қазоқистон 2,2%, Ӯзбекистон 0,9% буда, боқимонда 0,9% ба дигар давлатҳо рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0