https://sputnik.tj/20221110/yoftan-naft-gaz-rusiya-tojikiston-loiha-nav-kor-1052728664.html
Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд
Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони ду идораи геологӣ Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши сарватҳои зеризаминиро дар Душанбе имзо карданд, ки ҳамкории бештареро дар назар дорад
2022-11-10T09:40+0500
2022-11-10T09:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
лоиҳа
ҳамкорӣ
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033063734_0:0:2881:1622_1920x0_80_0_0_f081db84b94617c8c7622c55b3f17f9f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқоти муштараки геологӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора дар Telegram-канали Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) хабар нашр шудааст.Сардори ширкати "Роснедра" Евгений Петров ва сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро барои 3 соли оянда ба имзо расониданд. Бастани тавофуқнома миёни раҳбарони ду ниҳод дар чаҳорчӯби ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт. Геологҳои тоҷик ба технологияи нави кашфи қаъри замин мегузарандҲайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, аз Федератсияи Русияро муовини сарвазир Алексей Оверчук раҳбарӣ карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033063734_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_7243a4ec418c292e0f01bc74dfcda9e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафт газ русия тоҷикистон лоиҳаи кор
нафт газ русия тоҷикистон лоиҳаи кор
Ёфтани нафту газ: Русия ва Тоҷикистон рӯи лоиҳаи нав кор мекунанд
09:40 10.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раҳбарони ду идораи геологӣ Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши сарватҳои зеризаминиро дар Душанбе имзо карданд, ки ҳамкории бештареро дар назар дорад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқоти муштараки геологӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора дар Telegram-канали Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) хабар нашр шудааст.
Сардори ширкати "Роснедра" Евгений Петров ва сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро барои 3 соли оянда ба имзо расониданд.
Бастани тавофуқнома миёни раҳбарони ду ниҳод дар чаҳорчӯби ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, аз Федератсияи Русияро муовини сарвазир Алексей Оверчук раҳбарӣ карданд.