Раҳмон бо раиси парлумони Покистон мулоқот кард: мавзӯъҳои асосӣ

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился в Исламабаде с председателем парламента Пакистана Содиком Санджарони
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился в Исламабаде с председателем парламента Пакистана Содиком Санджарони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмӣ ба Исломобод ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби равобити байнипарлумонӣ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси парлумони Покистон Содиқ Санҷаронӣ ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки мулоқот дар Исломобод дар чаҳорчӯби сафари расмии раҳбари Тоҷикистон ба ин кишвар баргузор шуд.
Ба ин тартиб, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки равобити байнипарлумонӣ дар таҳкими муколамаи сиёсии ду кишвар нақши муҳим дорад.
"Тарафҳо зарурати роҳандозии муколамаи густурдаи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ оид ба амният ва сулҳ дар минтақаро қайд карданд", — омадааст дар хабар.
Раҳмон ва Санҷаронӣ нақши Тоҷикистону Покистон дар иҷрои тарҳи минтақавии CASA-1000, масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, истифодаи оқилонаи захоири об ва гузариш ба “иқтисоди сабз”-ро низ баррасӣ карданд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Мулоқоти Раҳмон бо вазири дифои Покистон: чиро баррасӣ карданд?
Мусоҳибон ба густариши равобити Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, фарҳанг ва беҳдошт даъват карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин вазъи душвори ҷаҳон, таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона, афзоиши хатарҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, киберҷинояткорӣ, мушкилоти экологӣ, бахусус тағйири иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0