Мулоқоти Раҳмон бо вазири дифои Покистон: чиро баррасӣ карданд?

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафари расмияш ба Исломобод ҳамкориҳои дуҷониба дар масоиили амнияту мудофиаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба Исломобод бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, дар мулоқот доир ба маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар соҳаҳои амнияту мудофиа табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
"Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои амнияту мудофиа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамзамон зимни суҳбат муҳимияти таҳкими ҳамкориҳои амниятии ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Пакистана Шахбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Вазъи Афғонистону анҷоми лоиҳаи CASA-1000: Раҳмон ва Шариф чиро баррасӣ карданд?
Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳими марбут ба вазъияти сиёсию низомӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба даъвати ҷониби Покистон ин сафарро анҷом дод, ки ду рӯз давом хоҳад кард.
Ӯ дар рӯзи аввал бо сарвазири он кишвар Шаҳбоз Шариф масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду саноат, тиҷорату энергетика, нақлиёту сармоягузорӣ ва дигар ҷанбаҳои шарикиро баррасӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0