https://sputnik.tj/20221214/toshkand-sababi-mahdudiyat-intiqoli-barq-1053517798.html
Тошканд сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба Афғонистонро гуфт
Тошканд сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба Афғонистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо ахиран ҷониби Ӯзбекистонро дар он муттаҳам карданд, ки ба далели мушкилоти техникӣ дар шабакаҳои барқияш уҳдадориҳоро пеши Кобул иҷро накарда истодааст
2022-12-14T17:35+0500
2022-12-14T17:35+0500
2022-12-14T17:35+0500
ваъда
афғонистон
дар ҷаҳон
энергетика
ӯзбекистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иқрор шуд, ки бинобар таъмири хатти "Найбобод" содироти нерӯи барқ ба Афғонистон коҳиш ёфтааст. Ба иттилои Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистон комилан қатъ нашудааст, балки каме коҳиш ёфтааст. "Ҳоло 125 МВт тавассути "Найбобод" интиқол дода мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.Ин тавзеҳи ҷониби Тошканд дар ҳолест, ки ахиран толибҳо дар қатъи барқ Ӯзбекистонро айбдор карданд, навиштааст Sputnik Афғонистон. Манбаъ аз қавли сухангӯи ширкати энержии DABS-и Афғонистон, Ҳикматулло Майвандӣ, овардааст, ки ба далели мушкилот дар шабакаи барқ, Ӯзбекистон муваққатан натавонистааст ӯҳдадориҳои қарордодии худро дар назди Кобул иҷро кунад. Ба гуфтаи вай, толибҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд. Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки мушкилот дар таъминот бо нерӯи барқ дар самти Ӯзбекистон дар тӯли як моҳи ахир мунтазам ба вуҷуд меояд. Қаблан хабар дода шуд, ки худи Ӯзбекистон низ дар таъминот бо нерӯи барқ дучори мушкил шудааст.
https://sputnik.tj/20221130/mirrikh-mardum-generali-rus-hukumat-afghoniston-1053161204.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, тошканд, барқрасонӣ , афғонистон
шарҳ, тошканд, барқрасонӣ , афғонистон
Тошканд сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба Афғонистонро гуфт
Толибҳо ахиран ҷониби Ӯзбекистонро дар он муттаҳам карданд, ки ба далели мушкилоти техникӣ дар шабакаҳои барқияш уҳдадориҳоро пеши Кобул иҷро накарда истодааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иқрор шуд, ки бинобар таъмири хатти "Найбобод" содироти нерӯи барқ ба Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистон комилан қатъ нашудааст, балки каме коҳиш ёфтааст.
"Ҳоло 125 МВт тавассути "Найбобод" интиқол дода мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.
Ин тавзеҳи ҷониби Тошканд дар ҳолест, ки ахиран толибҳо дар қатъи барқ Ӯзбекистонро айбдор карданд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли сухангӯи ширкати энержии DABS-и Афғонистон, Ҳикматулло Майвандӣ, овардааст, ки ба далели мушкилот дар шабакаи барқ, Ӯзбекистон муваққатан натавонистааст ӯҳдадориҳои қарордодии худро дар назди Кобул иҷро кунад.
Ба гуфтаи вай, толибҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд.
Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки мушкилот дар таъминот бо нерӯи барқ дар самти Ӯзбекистон дар тӯли як моҳи ахир мунтазам ба вуҷуд меояд. Қаблан хабар дода шуд, ки худи Ӯзбекистон низ дар таъминот бо нерӯи барқ дучори мушкил шудааст.