https://sputnik.tj/20221130/mirrikh-mardum-generali-rus-hukumat-afghoniston-1053161204.html
Аз Миррих бошаду дар хидмати мардум: Генерали рус гуфт, ҳукумати Афғонистон чӣ гуна бошад?
Аз Миррих бошаду дар хидмати мардум: Генерали рус гуфт, ҳукумати Афғонистон чӣ гуна бошад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ҳамашумул аз тақсими қудрат миёни қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа на, балки бар асоси боварии мардум ва короии аъзои ин ҳукумат ба вуҷуд меояд
2022-11-30T11:47+0500
2022-11-30T11:47+0500
2023-02-08T19:46+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
генерал
сиёсат
толибон
ҳукумат
қавм
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1e/1053163787_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_221ff7625c1c7f52e159719e27388c06.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik. Такя ба тақсими қудрат бар асоси қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа кафолати муваффақ будани он нест, изҳор дошт раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия ва дар идома аз таҷрибаи ҷаҳонӣ мисолҳо овард. Беш аз як сол аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз толибҳо тақозо доранд, ки дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумулро ба намояндагони аз намояндагони тамоми ақвом, мазоҳиб ва қишрҳои дигари ҷомиа, аз ҷумла занон, ба вуҷуд оранд. Аммо раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, генерал Николай Плотников, мегӯяд, таҷрибаи ҳамчунин як ҳукуматҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯзӣ ноком будааст. “Мо чанд намуна дорем. Масалан, Лубнон. Бино ба созишномаи Тоиф аз соли 1989 бояд як ҳукумати иборат аз сунниҳо, шиаҳо ва насрониҳо ба вуҷуд меомад. Аммо ҳоло ба чӣ натиҷа расид? Лубнон пора-пора мешавад ва ба сӯи табдил шудан ба як кишвари ноком пеш меравад", - изҳор дошт ӯ. Вай ба сифати мисоли дигар Ироқро зикр намуд, ки созишнома ба имзо расидааст, ки вазоратҳо миёни сунниҳо, шиаҳо ва курдҳо тақсим шавад. "Як сол аз интихоботи президентӣ гузашт, аммо ҳанӯз ҳам ҳукумат ташкил нашудааст”, - гуфт генерали рус. Ӯ афзуд, рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумал аз ин бастагӣ дорад, ки онро бо кадом аҳдоф эҷод мекунем ва то куҷо коромад хоҳад буд. Генерали рус дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ин назарро дар баробари интиқодоте баён дошт, ки гуфта шуд, кишварҳое, ки аз толибҳо тақозо доранд ҳукумати ҳамашумул ба вуҷуд оранд, худ ҳукумати ҳамашумул надоранд.“Дар ҳукумати Русия дар мақоми аввал русҳо, дуввум украиниҳо ва саввум тоторҳо меистанд. Дар тамоми мақомоти давлатӣ 40% мусулмонҳо кор мекунанд. Аз ин хотир, муҳим ин аст, ки дар ин мафҳум мо чӣ чизро ворид мекунем", - гуфт Николай Плотников.Коромадии як ҳукумат аз ин аст, ки ҳар узваш аввал пеши худ ва сипас пеши мардум посухгӯ бошад, тавзеҳ дод ӯ. Баъди ба қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон яке аз тақозоҳои муҳимтарини ҷомиаи ҷаҳонӣ аз онҳо ин аст, ки дар ин кишвар як ҳукумати ҳамашумул эҷод кунанд. Як далели то ба ҳол ба расмият шинохта нашудани ҳукумати толибҳо дар Афғонистон низ маҳз ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад. Дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки ҳоло дар Душанбе ҷараён дорад, коршиносон ва намояндагони расмӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд ва ҳадафи он низ ёфтани як роҳҳал барои буҳрони Афғонистон аст.
https://sputnik.tj/20221129/khonumi-afghon-amriko-bovar-1053157753.html
https://sputnik.tj/20221129/tojikiston-roh-rasidan-subot-afghoniston-nishon-1053136116.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1e/1053163787_57:0:1497:1080_1920x0_80_0_0_87e4016d93432aa6817527dcbba21e19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал, русия, ҳукумат, афғонистон
генерал, русия, ҳукумат, афғонистон
Аз Миррих бошаду дар хидмати мардум: Генерали рус гуфт, ҳукумати Афғонистон чӣ гуна бошад?
11:47 30.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ҳукумати ҳамашумул аз тақсими қудрат миёни қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа на, балки бар асоси боварии мардум ва короии аъзои ин ҳукумат ба вуҷуд меояд
ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik. Такя ба тақсими қудрат бар асоси қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа кафолати муваффақ будани он нест, изҳор дошт раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия ва дар идома аз таҷрибаи ҷаҳонӣ мисолҳо овард.
Беш аз як сол аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз толибҳо тақозо доранд, ки дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумулро ба намояндагони аз намояндагони тамоми ақвом, мазоҳиб ва қишрҳои дигари ҷомиа, аз ҷумла занон, ба вуҷуд оранд.
Аммо раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, генерал Николай Плотников, мегӯяд, таҷрибаи ҳамчунин як ҳукуматҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯзӣ ноком будааст.
“Мо чанд намуна дорем. Масалан, Лубнон. Бино ба созишномаи Тоиф аз соли 1989 бояд як ҳукумати иборат аз сунниҳо, шиаҳо ва насрониҳо ба вуҷуд меомад. Аммо ҳоло ба чӣ натиҷа расид? Лубнон пора-пора мешавад ва ба сӯи табдил шудан ба як кишвари ноком пеш меравад", - изҳор дошт ӯ.
Вай ба сифати мисоли дигар Ироқро зикр намуд, ки созишнома ба имзо расидааст, ки вазоратҳо миёни сунниҳо, шиаҳо ва курдҳо тақсим шавад.
"Як сол аз интихоботи президентӣ гузашт, аммо ҳанӯз ҳам ҳукумат ташкил нашудааст”, - гуфт генерали рус.
Ӯ афзуд, рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумал аз ин бастагӣ дорад, ки онро бо кадом аҳдоф эҷод мекунем ва то куҷо коромад хоҳад буд.
“Аз нигоҳи ман, бигзор дар ин ҳукумат ҳар касе, ки ҳаст, ба гунаи мисол, аз сайёраи дигар ё аҳли Миррих бошад, аммо асос ин аст, ки ин ҳукумат ба мардуми худ хизмат кунад, на ин ки дар фикри сарватандӯзӣ барои худ бошад”, - гуфт Николай Плотников.
Генерали рус дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ин назарро дар баробари интиқодоте баён дошт, ки гуфта шуд, кишварҳое, ки аз толибҳо тақозо доранд ҳукумати ҳамашумул ба вуҷуд оранд, худ ҳукумати ҳамашумул надоранд.
“Дар ҳукумати Русия дар мақоми аввал русҳо, дуввум украиниҳо ва саввум тоторҳо меистанд. Дар тамоми мақомоти давлатӣ 40% мусулмонҳо кор мекунанд. Аз ин хотир, муҳим ин аст, ки дар ин мафҳум мо чӣ чизро ворид мекунем", - гуфт Николай Плотников.
Коромадии як ҳукумат аз ин аст, ки ҳар узваш аввал пеши худ ва сипас пеши мардум посухгӯ бошад, тавзеҳ дод ӯ.
Баъди ба қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон яке аз тақозоҳои муҳимтарини ҷомиаи ҷаҳонӣ аз онҳо ин аст, ки дар ин кишвар як ҳукумати ҳамашумул эҷод кунанд.
Як далели то ба ҳол ба расмият шинохта нашудани ҳукумати толибҳо дар Афғонистон низ маҳз ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки ҳоло дар Душанбе ҷараён дорад, коршиносон ва намояндагони расмӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд ва ҳадафи он низ ёфтани як роҳҳал барои буҳрони Афғонистон аст.