Дар Тоҷикистон орд арзон шуд?

© Sputnik / Амир ИсаевМешки с мукой
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон болоравии қимати бархе аз маҳсулоти зарурии ғизоӣ ба қайд гирифта шуд – тақрибан нисфи маҳсулот ба кишвар аз хориҷ ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати орди воридотӣ поин рафт - тафовут тақрибан 20-30 сомониро ташкил дод.
Қазоқистон воридкунандаи асосии орд ба Тоҷикистон аст.
Ҳамин тавр, халтаи 50 килоии орди воридоти навъи якум дар бозорҳои Тоҷикистон 290-300 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол, як ҳафта пеш нархи он 325 сомониро ташкил медод.
Ҳамасола аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллион тонна гандум ниёз дорад,ки тақрибан нисфи онро тавлидоти дохилӣ таъмин мекунад.
Тибқи омор, дар 9 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 38 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 13,6 миллион доллар ворид шудааст.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 638 ҳазор тонна гандум ба маблағи беш аз 217,3 миллион доллар ворид карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳудуди 90 дарсади орди ниёзи Тоҷикистон аз ҳисоби тавлид ва коркарди ашёи хоми дохилӣ таъмин мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, дар 11 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 976,5 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шудааст.
Орд яке аз маҳсулоти серталаб дар Тоҷикистон аст, ки болоравии қимати он ба ҷайби сокинони кишвар зарбаи сахт мезанад.
Лентаи хабарҳо
0