Ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон аз соли 2023 афзоиш меёбанд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Обуна шудан
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ҳар сол дар қонуни буҷети Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, зимни ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз кор бурда мешавад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аз оғози январи соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоби ҷарима, андозу боҷ ва пардохтҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Бар асоси қонуни буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023, ки ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, аз 1 январи соли оянда нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар гардид.
Ин дар қиёс бо нишондиҳандаи ҷорӣ, ки ба 64 сомонӣ баробар мебошад, 4 сомонӣ зиёдтар мебошад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2021 муодили 60 сомонӣ ва як соли пеш аз он муодили 58 сомонӣ буд.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли оянда муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад.
Таъкид мешавад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид. Аз аввали январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ ва аз оғози январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0