https://sputnik.tj/20221214/bujet-tojikiston-andoz-mablagh-vorid-1053500863.html
Ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби андоз 14 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид
Ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби андоз 14 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардид
2022-12-14T09:03+0500
2022-12-14T09:03+0500
2022-12-14T09:03+0500
дар тоҷикистон
маблағ
пардохт
андоз
буҷа
иқтисод
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, иттилоъ додааст ин ниҳоди давлатӣ.Тибқи иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд 516,2 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 490,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,5%, вилояти Хатлон – 102,5%, вилояти Суғд – 104,8%, шаҳри Душанбе – 100,8%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ – 100,8% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 98,8% таъмин карда шуд.Ҳамзамон Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 508 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 827,3 млн сомонӣ қабул гардид.“Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 793,7 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 млн сомонӣ зиёд аст”, - хабар додааст манбаъ.Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.
https://sputnik.tj/20221126/afzoish-qarzdori-tojikiston-1053081615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, андоз, ворид, буҷа, сомонӣ, нақша, таъмин, пардохтҳои ҳатмӣ, маблағ
тоҷикистон, андоз, ворид, буҷа, сомонӣ, нақша, таъмин, пардохтҳои ҳатмӣ, маблағ
Ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби андоз 14 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, иттилоъ додааст ин ниҳоди давлатӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд 516,2 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 490,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,5%, вилояти Хатлон – 102,5%, вилояти Суғд – 104,8%, шаҳри Душанбе – 100,8%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ – 100,8% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 98,8% таъмин карда шуд.
Ҳамзамон Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 508 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 827,3 млн сомонӣ қабул гардид.
“Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 793,7 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 млн сомонӣ зиёд аст”, - хабар додааст манбаъ.
Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.