https://sputnik.tj/20221126/afzoish-qarzdori-tojikiston-1053081615.html
Афзоиши қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон
Афзоиши қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бақияи қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон ба андозаи қариб 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст
2022-11-26T12:00+0500
2022-11-26T12:00+0500
2022-11-26T12:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маблағ
андоз
қарзҳо
зиёд шуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_1ae8d6c2e72cba41790c9d21e76f2316.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳаҷми қарз аз андоз дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи октябри соли равон ҳудуди 1,1 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора мақомоти андози Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали сол қариб 33% ё 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ҷой доштани қарздорию иҷро нашудани нақшаи даромади бархе аз намудҳои андоз мақомот иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ даромад ба буҷа аз ҳисоби андоз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103% иҷро гардидаст. Таъкид шудаст, ки тибқи нақша даромад аз андоз дар буҷа ҳудуди 10 миллиарду 992 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо мақомоти андоз нақшаро барзиёд иҷро карда, ба буҷа 11,3 млрд сомонӣ ворид намудаанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳаи аввали соли равон 24,3 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати нақша зиёд мебошад. Таъкид гардид қисми зиёди он ба бахши иқтисоду иҷтимоъ равона гардид. .Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаст.
https://sputnik.tj/20221123/tojikiston-pul-pardokht-qarz-1053003390.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_50:0:1473:1067_1920x0_80_0_0_30e97a4141e6ced08b24636d6f41fdcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корхона, андоз, пул, қарздор
корхона, андоз, пул, қарздор
Афзоиши қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон
Бақияи қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон ба андозаи қариб 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳаҷми қарз аз андоз дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи октябри соли равон ҳудуди 1,1 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ин бора мақомоти андози Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали сол қариб 33% ё 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ҷой доштани қарздорию иҷро нашудани нақшаи даромади бархе аз намудҳои андоз мақомот иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ даромад ба буҷа аз ҳисоби андоз афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103% иҷро гардидаст.
Таъкид шудаст, ки тибқи нақша даромад аз андоз дар буҷа ҳудуди 10 миллиарду 992 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо мақомоти андоз нақшаро барзиёд иҷро карда, ба буҷа 11,3 млрд сомонӣ ворид намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳаи аввали соли равон 24,3 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати нақша зиёд мебошад. Таъкид гардид қисми зиёди он ба бахши иқтисоду иҷтимоъ равона гардид. .
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаст.