https://sputnik.tj/20221130/toshkand-zarfiyat-sayyoh-tojikiston-muarrifi-1053161600.html
Дар Тошканд зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
Дар Тошканд зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар намоиши байналмилалии сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар Ӯзбекистон Тоҷикистонро намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ муаррифӣ мекунанд
2022-11-30T12:32+0500
2022-11-30T12:32+0500
2022-11-30T12:34+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
тошканд
ӯзбекистон
рушд
кумитаи сайёҳӣ
иштирок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915206_0:63:3077:1794_1920x0_80_0_0_8ca38e426e646fb8292996b5ddd6c191.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии "Craft Fair Uzbekistan 2022" дар Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, чорабинии байналмилалии сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд ҷараён хоҳад дошт. Тоҷикистонро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва масъулини ширкати сайёҳии "Артуч" намояндагӣ мекунанд, афзуд манбаъ. Дар чорабинӣ маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки барои рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон сесолаи рушд эълон шуда буд. Солҳои 2019 - 2021 дар ҷумҳурӣ сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён дошт. Мақомот мегӯянд, тайи ин муддат дар рушди инфрасохтору ҷалби сайёҳон ба кишвар дастовардҳои назаррас ҳосил гардиданд. Таъкид шуд, ки айни замон ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи боло ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.Дар баробари ин ахиран Душанбе низ мизбони Форуми минтақавии рушди сайёҳӣ буд, ки дар он миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
https://sputnik.tj/20221124/dushanbe-sozmonhoi-gardishgari-cica-eron-1053028769.html
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915206_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_9fba21e6208b1f85089e49c4c6ceee1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷиддин ҷӯразаода, тошканд, ҳамоиш, иштирок
тоҷикистон, тоҷиддин ҷӯразаода, тошканд, ҳамоиш, иштирок
Дар Тошканд зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
12:32 30.11.2022 (Навсозишуда: 12:34 30.11.2022) Дар намоиши байналмилалии сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар Ӯзбекистон Тоҷикистонро намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии "Craft Fair Uzbekistan 2022" дар Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, чорабинии байналмилалии сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд ҷараён хоҳад дошт.
Тоҷикистонро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва масъулини ширкати сайёҳии "Артуч" намояндагӣ мекунанд, афзуд манбаъ.
Дар чорабинӣ маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.
Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки барои рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон сесолаи рушд эълон шуда буд. Солҳои 2019 - 2021 дар ҷумҳурӣ сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён дошт.
Мақомот мегӯянд, тайи ин муддат дар рушди инфрасохтору ҷалби сайёҳон ба кишвар дастовардҳои назаррас ҳосил гардиданд. Таъкид шуд, ки айни замон ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи боло ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар баробари ин ахиран Душанбе низ мизбони Форуми минтақавии рушди сайёҳӣ буд, ки дар он миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.