https://sputnik.tj/20221213/tehron-rushd-tijorati-tojikistonu-eron-1053470035.html
Теҳрон: Рушди тиҷорати Тоҷикистону Эрон 190 дарсадро ташкил дод
Теҳрон: Рушди тиҷорати Тоҷикистону Эрон 190 дарсадро ташкил дод
Sputnik Тоҷикистон
Сухангуи гумруки Эрон ахиран хабар додааст, ки дар зарфи ҳашт моҳи соли равон тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон 190 дарсад рушд кардааст
2022-12-13T09:03+0500
2022-12-13T09:03+0500
2022-12-13T09:03+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
эрон
тиҷорат
коло
гардиши молу коло
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сайдмуртазо Имодӣ, сухангуи гумруки Эрон мегӯяд тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали имсол ба беш аз 140 миллион доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 151 дарсад дар вазн ва 190 дарсад дар арзиш рушд дошт, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.Манбаъ хабар додааст, ки аз Эрон ба Тоҷикистон маводи петрушими, пашмишиша (стеклават), анвоъи хушкбор, анвоъи хуроки обзоён, маҳсулоти кишварзӣ ва боғбони содир шудааас.Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин афзуд, ки ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории Эрон бо Тоҷикистон дар 8 моҳаи соли равон аз ҷиҳати вазни 146 ҳазору 531 тонна коло ва аз ҷиҳати арзиши ба 140 миллиону 498 ҳазору 455 доллар расид.Инчунин оқои Имодӣ гуфт, кулли мубодилоти тиҷории ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз лиҳози вазни 151 дарсад ва аз лиҳози арзиши 190 дарсад афзоиш дошт.Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин илова кард, ки мизони содироти колоҳои эронӣ ба мақсади Тоҷикистон аз ҷиҳати вазн 130 ҳазору 69 тонна коло ба арзиши 93 миллион садҳазору 826 доллар буда аст.
https://sputnik.tj/20221117/tojikiston-hamkori-eron-eko-bakhsh-madan-1052889798.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, рушд, иқтисод, гумрук
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, рушд, иқтисод, гумрук
Теҳрон: Рушди тиҷорати Тоҷикистону Эрон 190 дарсадро ташкил дод
Сухангуи гумруки Эрон ахиран хабар додааст, ки дар зарфи ҳашт моҳи соли равон тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон 190 дарсад рушд кардааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сайдмуртазо Имодӣ, сухангуи гумруки Эрон мегӯяд тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали имсол ба беш аз 140 миллион доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 151 дарсад дар вазн ва 190 дарсад дар арзиш рушд дошт, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Манбаъ хабар додааст, ки аз Эрон ба Тоҷикистон маводи петрушими, пашмишиша (стеклават), анвоъи хушкбор, анвоъи хуроки обзоён, маҳсулоти кишварзӣ ва боғбони содир шудааас.
Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин афзуд, ки ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории Эрон бо Тоҷикистон дар 8 моҳаи соли равон аз ҷиҳати вазни 146 ҳазору 531 тонна коло ва аз ҷиҳати арзиши ба 140 миллиону 498 ҳазору 455 доллар расид.
Инчунин оқои Имодӣ гуфт, кулли мубодилоти тиҷории ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз лиҳози вазни 151 дарсад ва аз лиҳози арзиши 190 дарсад афзоиш дошт.
Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин илова кард, ки мизони содироти колоҳои эронӣ ба мақсади Тоҷикистон аз ҷиҳати вазн 130 ҳазору 69 тонна коло ба арзиши 93 миллион садҳазору 826 доллар буда аст.