https://sputnik.tj/20221213/rusiya-tojikiston-omuzish-muhojiron-sokhtmonchi-tavofuq-1053473614.html
Русия ва Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши муҳоҷирони сохтмончӣ тавофуқ карданд
Русия ва Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши муҳоҷирони сохтмончӣ тавофуқ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Анҷумани миллии бинокорони Русия марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои гузаронидани расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад
2022-12-13T10:53+0500
2022-12-13T10:53+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сохтмон
омӯзиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118099_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_c134dfb7cd065e05fb6b9a8ec2d9d005.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Анҷумани миллии бинокорон (НОСТРОЙ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод. Ин созиш зимни сафари президенти "НОСТРОЙ" Антон Глушков ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ ҳосил шудааст. Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби онҳо имзо шудааст, роҳандозии шарикӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддатро дар назар дошта, ба баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатӣ нигаронида шудааст. Ҷонибҳо қасд доранд, дар эҷоди як механизми арзёбии тахассуси муҳоҷирони тоҷик, ки дар соҳаи сохтмон дар Русия кор мекунанд, якҷоя кор кунанд. Анҷумани Русия ифтитоҳи марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои роҳандозии расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад. "НОСТРОЙ" ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони тахассусӣ гузаштаанд ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ дар Федератсияи Русия эътироф шудаанд, маълумот ирсол мекунад. Ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Вазорати меҳнат барои омода кардани мутахассисони соҳибихтисос аз рӯи ихтисосҳои корӣ ва арзёбии тахассуси шахсони дорои малакаҳои касбии дахлдор манфиатдор аст. Глушков таъкид кард, ки шартномаи имзошуда барои ҳар ду мамлакат аҳамияти калон дорад. "Саноати сохтмонӣ дар Русия имрӯз ба нерӯи кории баландихтисос ниёз дорад, аммо мо бояд сатҳи омодагии мутахассисонеро, ки ба назди мо меоянд, дарк кунем", - гуфт ӯ.Ҳоло бо ҷумҳурӣ механизми муташаккилона ба қаламрави Русия овардани коргарон муқаррар карда шудааст. Он дорои тартиби дохилии тасдиқи тахассус аст, то одамоне, ки имтиҳони касбиро бомуваффақият супурдаанд, ҳадафмандона ба ҷойҳои холии мушаххас меоянд.
https://sputnik.tj/20221212/muhojiron-rusiya-shahodatnomai-nav-jori-1053453632.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118099_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_d3c5d60fc1f053df19ba8debd27c39d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон омӯзиши муҳоҷирон сохтмон
русия тоҷикистон омӯзиши муҳоҷирон сохтмон
Русия ва Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши муҳоҷирони сохтмончӣ тавофуқ карданд
10:53 13.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Анҷумани миллии бинокорони Русия марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои гузаронидани расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Анҷумани миллии бинокорон (НОСТРОЙ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ин созиш зимни сафари президенти "НОСТРОЙ" Антон Глушков ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ ҳосил шудааст.
Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби онҳо имзо шудааст, роҳандозии шарикӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддатро дар назар дошта, ба баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатӣ нигаронида шудааст.
Ҷонибҳо қасд доранд, дар эҷоди як механизми арзёбии тахассуси муҳоҷирони тоҷик, ки дар соҳаи сохтмон дар Русия кор мекунанд, якҷоя кор кунанд.
""НОСТРОЙ" заминаи моддию техникиро барои ташкили таълими касбӣ ва арзёбии тахассуси мутахассисони соҳаи сохтмон дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин хоҳад кард", - гуфт манбаъ.
Анҷумани Русия ифтитоҳи марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои роҳандозии расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад.
"НОСТРОЙ" ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони тахассусӣ гузаштаанд ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ дар Федератсияи Русия эътироф шудаанд, маълумот ирсол мекунад.
Ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Вазорати меҳнат барои омода кардани мутахассисони соҳибихтисос аз рӯи ихтисосҳои корӣ ва арзёбии тахассуси шахсони дорои малакаҳои касбии дахлдор манфиатдор аст.
Глушков таъкид кард, ки шартномаи имзошуда барои ҳар ду мамлакат аҳамияти калон дорад.
"Саноати сохтмонӣ дар Русия имрӯз ба нерӯи кории баландихтисос ниёз дорад, аммо мо бояд сатҳи омодагии мутахассисонеро, ки ба назди мо меоянд, дарк кунем", - гуфт ӯ.
Ҳоло бо ҷумҳурӣ механизми муташаккилона ба қаламрави Русия овардани коргарон муқаррар карда шудааст. Он дорои тартиби дохилии тасдиқи тахассус аст, то одамоне, ки имтиҳони касбиро бомуваффақият супурдаанд, ҳадафмандона ба ҷойҳои холии мушаххас меоянд.