Ҳабси қиморбоз дар Душанбе: мардумро фиреб медод

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
Қиморбози ҷавонро кормандони милитсия дар назди бозори "Ганҷина" боздошт намуданд. Бо қарори суд мавсуф ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Кормандони милитсия пойтахт дар пайи муроҷиати шаҳрвандон қиморбози 35-соларо дастгир намуданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин қиморбоз дар назди бозори "Ганҷина" мардуми зиёдро гирди худ ҷамъ карда, бо ташкили бозии ба истилоҳ "алик-малик"- ба фиреб додани онҳо машғул будааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дастгиршуда Валиев Фирӯзбек чандин маротиба барои ба қиморбозӣ машғул шудан, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале номбурда аз ин амали мардумфиребонаи худ даст накашида, боз дар маконҳои ҷамъшавии одамон ба ин амали ношоям машғул шудааст.
"Ҳамзамон ин кирдори зиддиқонунии ӯ боиси норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Манбаъ меафзояд, пас аз бозпурсӣ шудани ин қиморбоз маълум гардид, ки ӯ сокини пойтахт буда, дар ҷойҳои серодам ба фиреби мардум машғул будааст.
Ҳамин тариқ нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Ин ниҳод аз сокинону меҳмонони пойтахт дархост намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодисаҳо гардидан сабти видеоӣ ё акс гирифта, барои баррасӣ ба кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ирсол намоянд.
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Боздошти ҷавондухтари 17-сола, дар Душанбе бо гумони дуздии маблағи калон
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин мавриди боздошти ташкилкунандагони бозии "Алик-малик" дар пойтах нест.
Раҷабалӣ, як сокини пойтахт, ки худ ба доми чунин қаллобон афтидааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиморбозон бештар барои ташкили бозии "Алик-малик" бештар ҷойҳои серодамро интихоб мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳо дар ин хусус ба таври кофӣ роҳандозӣ нашудаанд, чун ҳамарӯза даҳҳо мавриди ташкили чунин "бозӣ"-ҳоро дар ҷойҳои серодаму бозорҳои пойтахт дидан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0