ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2022-ро эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевМанучехр Джалилов, архивное фото
Манучехр Джалилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бозигарони беҳтарин кишвар, ки давоми соли ҷорӣ бештар талош карданд, ботантана доир шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои футболи кишвар дар соли 2019 эълон кард.
Ҷоизаҳо ба беҳтаринҳо имрӯз, 13 декабр зимни як ҳамоиш дар толори "Кохи Суруш"-и пойтахт доир шуд.
Тибқи иттилои ФФТ беҳтаринҳои футбол дар лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ муайян шуданд.
Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар байни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, умуман дар 15 номинатсия ҷоизасупорӣ сурат гирифт.
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Дар бозиҳои Тоҷикистон видеодовар роҳандозӣ мегардад
Ҳамин тариқ, унвони беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2022-ро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими "Истиқлол" соҳиб гардид. Ӯ ҳамзамон беҳтарин нишонзани лигаи олии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ эътироф шуд.
Беҳтарин ҳамлагари лигаи олии Тоҷикистон бошад, Ҷаҳонгир Эргашев ("Хуҷанд") дониста шуд.
Аҳтам Назаров бошад, беҳтарин ҳимоятгар ("Истиқлол") ва Тоҳирҷон Тағойзода ("Хатлон") нимҳимоятгар эълон шуданд.
Унвони беҳтарин дарвозабонро ба Рустам Ятимов ("Истиқлол"), ки соли ҷорӣ ҳам дар ҳайати мунтахаб ва ҳам тимаш хуб дурахшид, додаанд.
Мураббии беҳтарини лигаи олии Тоҷикистон бошад, Алишер Тухтаев ("Истиқлол") ва Гулмуроди Саъдулло довари сол эътироф шудааст.
Легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон соли ҷорӣ хуб ҳунарнамоӣ кард, Самуэл Офори ("Равшан"-и Кӯлоб) беҳтарин дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0