Дар бозиҳои Тоҷикистон видеодовар роҳандозӣ мегардад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияташро дар 11 моҳи аввали соли равон ҷамъбаст намуда, нақшаҳояшро барои соли оянда баён дошт
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Аз соли оянда дар бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон низоми видеодовар - VAR ҷорӣ карда мешавад.
Ин нукта дар ҷаласаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳа таъкид гардид.
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таълимии литсензияи "Pro" курсҳои мураббигӣ баргузор гарданд.
Зикр гардид, ки соли 2022 доварони Тоҷикистон дар 82 вохӯрии байналмилалӣ кор карданд.
Футбол. ЧМ-2022. Матч Испания - Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Натиҷаҳои рӯзи 12-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022: Белгия ва Олмон тарки мусобиқа карданд
Дар маҷмӯъ,доварон дар 1658 бозии расмии кишвар, аз ҷумла бозиҳои лигаҳои олӣ, якум, дуюм, чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон, лигаҳои наврасон, вохӯриҳои лигаҳои бонувон, футзал ва дигар мусобиқаҳо доварӣ кардаанд.
Зимни баррасии натиҷаҳои соли равон зикр шуд, ки асоситарин дастовард роҳёбии тимҳои мунтахаби кишвар ба мусобиқаи Ҷоми Осиё мебошад
Маврид ба зикр аст, ки соли равон якбора 4 дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон – дастаи яккачини кишвар, дастаи мунтахаби ҷавонон (U-20), наврасон (U-17) ва футзал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.
Таъкид карда шуд, ки дар маҷмуъ, дар соли 2022 тимҳои миллии Тоҷикистон 96 бозии байналмилалӣ анҷом додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 58 бозӣ зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0