Варзишгарони тоҷики риштаи ҷиу-ҷитсу дар Русия зӯрозмоӣ мекунанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗанятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств
Занятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Обуна шудан
Санкт-Петербург мизбони чемпионати кушодаи шашрӯза дар риштаи ҷиу-ҷитсу миёни варзишгарони аз 5-сола боло мешавад, ки Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҳайати 11-нафарӣ Тоҷикистонро дар чемпионати кушоди ҷаҳон дар риштаи ҷиу-ҷитсу намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсу мусобиқаи мазкур аз 13 то 28 декабр дар шаҳри Санкт- Петербург баргузор мешавад.
Дар феҳрасти 11-нафарии варзишгарони Тоҷикистон аз ҷумла хурдсолон низ дохиланд, ки дар пойтахти шимолии Русия нерӯяшонро месанҷанд.
Аз ҷумла дар чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу Сомон Турсунзода дар вазни 25 кило сабқат мекунад, ки сабуктарин муаррифигари кишвар дар мусобиқа мебошад.
Жасмин Ан-Нимр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Пирӯзии бонуи бадансози тоҷикистонӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ: Ӯ сирри муваффақиятро гуфт
Муҳаммад Шерализода, Мустафо Шерализода ва Масъуд Убайдов дар вазни 30-кило майдондорӣ мекунанд.
Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 56 кило, Бобоҷон Мамадаминов дар вазни 60 кило, Шукрулло Мамасолеҳов дар вазни 75 кило, Қосимҷон Суфиев дар вазни 75 кило, Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кило, Алиакбар Исозода дар вазни 80 кило ва Шаҳзод Мирзоев дар вазни 60 кило нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи ноябр ҳайати Тоҷикистон дар Амороти Муттҳадиаи Араб дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карда, бо 10 медал баргашт. Аз ҷумла як нишони биринҷиро барои Тоҷикистон Раҳимов Абдуманон дар сабқат миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0