Пирӯзии бонуи бадансози тоҷикистонӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ: Ӯ сирри муваффақиятро гуфт

© Sputnik Жасмин Ан-Нимр
Жасмин Ан-Нимр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Обуна шудан
Бонуи варзишкори тоҷик дар пайи пирӯзӣ дар мусобиқаи бадансозии ҷаҳонӣ дар Таиланд таъкид намуд, ки садҳо паёми шодбошии ҳамватанон ӯро руҳбаланд мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Жасмин Ан-Нимр барандаи чемпионати 13-уми ҷаҳон дар риштаи бадансозӣ - WBPF дар Таиланд шуд.
Бону тоҷикистонӣ дар мусобиқаи инфиродӣ баромад карда, беҳтарин дониста шуд. Жасминро мураббӣ Олим Парпиев тамрин медиҳад, ки дар гузашта роҳбарии Федератсияи бадансозию вазнбардории Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
"Барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст - духтари тоҷик дар чемпионати ҷаҳон ғолиб шуд. Барои варзиши занон ин як пешравии бузург аст, бахусус дар чунин як намуди душвори варзиш", - гуфт Парпиев ба Sputnik Тоҷикистон.
Чемпионати бадансозӣ феълан яке аз тамошобобтаринҳо дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад, ки дар он шахс тамоми зебоии ҷисм, ҳаҷм ва сифати мушакҳои худро нишон медиҳад. Жасмин Ан-Нимр дар ин ришта беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дониста мешавад.
Футбол. ЧМ-2022. Матч Англия - Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Гиряи ситораҳо: Анҷоми даври ҳаштякниҳоӣ ва тафсилоти чорякниҳоии ҶҶ-2022
Ба гуфтаи бонуи бадансоз, ҳамватанон аз пирӯзиҳояш меболанд ва ин ӯро руҳбаланд мекунад.
"Баъд аз чемпионати Осиё ва ҳоло пас аз чемпионати ҷаҳон бисёр менависанду маро табрик мекунанд. Ташаккур ба ҳама! Ба мусобиқаи кунунӣ хуб омодагӣ дида будам", - гуфт варзишгар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, тамринҳояш сангину пурсамар буданд ва имкон доданд, ки ӯ дар чемпионати ҷаҳон якум шавад. Жасман маҳз маҳз дар тамринҳои ҷиддӣ сирри муваффақияташро медонад.
"Машқҳои сангин ва омодагии хеле босифат сирри муваффақият аст. Ҳамаи ин имсол барои ман хуб гузашт. Ташаккур ба мураббӣ ва онҳое, ки маро дастгирӣ карданд. Муҳим аст, ки ҳамеша пеш равем, дар як ҷой наистем. Ман чунин мекунам ва пирӯз шудам", - гуфт Жасмин.
Маврид ба зикр аст, ки Жасмин тобистони соли равон дар 54-умин Чемпионати Осиё дар риштаи бадансозӣ дар Молдив нишони тило ва нуқраро ба даст овард. Ан-Нимр ният дорад, ҳунарнамоиҳои худро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ идома диҳаду ба дастовардҳои ҷадид ноил гардад.
Лентаи хабарҳо
0