https://sputnik.tj/20221212/sarvazir-pokiston-tolib-dargiri-roh-1053449984.html
Сарвазири Покистон аз толибҳо хост ба такрори даргириҳо роҳ надиҳанд
Сарвазири Покистон аз толибҳо хост ба такрори даргириҳо роҳ надиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Покистон даргириҳои марзии миёни нерӯҳои толиб ва пулиси Покистонро бидуни ягон далелу сабаб хонда, шадидан маҳкум кард
2022-12-12T18:20+0500
2022-12-12T18:20+0500
2022-12-12T18:20+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
сиёсат
покистон
сарвазир
маҳкум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093878_0:135:2592:1593_1920x0_80_0_0_917edc8131f8172213bfde797d86e08a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд. Ин нуктаро сарвазир дар пайи даргирии ахири марзӣ дар наздикии гузургоҳи "Спин-булдак - Чаман", ки аз ду ҷониб куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, баён дошт. Шаҳбоз Шариф дар ин даргирӣ ҷониби толибҳоро муттаҳам карда, онро маҳкум намудаст. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои пулиси афғон бидуни далелу ҳадаф сӯи минтақаи Чамани Покистон оташ кушодаанд, ки дар натиҷа теъдоде аз покистониҳо куштаю маҷруҳ шуданд. Ин таассуфовар ва сазовори маҳкумияти шадид аст, афзуд ӯ.Вай ҳамчунин навиштааст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешаванд.Намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, Муҳаммад Содиқ низ қаблан даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои толиб ва пулиси покистониро маҳкум намуд. Бар асоси гузоришҳои нашркардаи ҷонибҳо дар ин муноқиша ва тирпаронӣ 6 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.Артиши Покистон низ ин ҷангро маҳкум кард ва дар баёнияе ин даргириро "ҳамлаҳои бедалел" номид.Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки нерӯҳои толиб дар минтақаи Чаман аз силоҳҳои сангин, аз ҷумла тӯпҳо ва мушакҳо истифода кардаанд. Аз далоили ин даргирӣ сохтмони иншоот дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзӣ аз сӯи толибҳо арзёбӣ мегардад. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки қаблан низ чун даргириҳо дар марз бо Покистон ва Эрон сурат гирифта буд.
https://sputnik.tj/20221212/infijor-manotiq-iqomati-chiniho-kobul-video-1053462485.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093878_144:0:2448:1728_1920x0_80_0_0_67f2ee7aa8cd577d4107be334464ad9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир, покистон, толиб, кафолат,
сарвазир, покистон, толиб, кафолат,
Сарвазири Покистон аз толибҳо хост ба такрори даргириҳо роҳ надиҳанд
Нахуствазири Покистон даргириҳои марзии миёни нерӯҳои толиб ва пулиси Покистонро бидуни ягон далелу сабаб хонда, шадидан маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.
Ин нуктаро сарвазир дар пайи даргирии ахири марзӣ дар наздикии гузургоҳи "Спин-булдак - Чаман", ки аз ду ҷониб куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, баён дошт.
Шаҳбоз Шариф дар ин даргирӣ ҷониби толибҳоро муттаҳам карда, онро маҳкум намудаст.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои пулиси афғон бидуни далелу ҳадаф сӯи минтақаи Чамани Покистон оташ кушодаанд, ки дар натиҷа теъдоде аз покистониҳо куштаю маҷруҳ шуданд. Ин таассуфовар ва сазовори маҳкумияти шадид аст, афзуд ӯ.
Вай ҳамчунин навиштааст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешаванд.
Намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон, Муҳаммад Содиқ низ қаблан даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои толиб ва пулиси покистониро маҳкум намуд.
Бар асоси гузоришҳои нашркардаи ҷонибҳо дар ин муноқиша ва тирпаронӣ 6 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.
Артиши Покистон низ ин ҷангро маҳкум кард ва дар баёнияе ин даргириро "ҳамлаҳои бедалел" номид.
Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки нерӯҳои толиб дар минтақаи Чаман аз силоҳҳои сангин, аз ҷумла тӯпҳо ва мушакҳо истифода кардаанд. Аз далоили ин даргирӣ сохтмони иншоот дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзӣ аз сӯи толибҳо арзёбӣ мегардад.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки қаблан низ чун даргириҳо дар марз бо Покистон ва Эрон сурат гирифта буд.