Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз андоз озод мешаванд: Чаро?

© Пресс-служба авиакомпания "Сомон Эйр"Авиакомпания "Сомон Эйр" получила первый из двух самолётов Боинг 737-800
Авиакомпания Сомон Эйр получила первый из двух самолётов Боинг 737-800 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон имтиёзҳое тасдиқ гардиданд, ки воридоти сӯзишвории ҳавопаймоӣ, худи чархболу ҳавопаймо ва дигар хадамоти соҳаро аз андоз озод мекунад
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Кодекси андози ҷумҳурӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ сабукӣ дод.
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода дар шарҳи сабукиҳои андозӣ гуфт, он ба муҳлати 5 сол - то соли 2027 амал карда, ҳадаф дастгирии давлатии авиатсияи гражданӣ мебошад, навиштаст нашрияи "Садои мардум".
Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳои ғайрирезидент аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоии ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд.
Инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
В аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Тоҷикистон дар феҳрасти серталабдортарин масири парвоз аз Русия
Ҳамчунин хизматрасониҳои лизинги ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад.
Ба гуфтаи вазири молия, дар ироаи ин сабукиҳо Стратегияи миллии рушди Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 ба назар гирифта шудааст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки тибқи санадҳои мазкур, рушди нақлиёти ҳавоӣ ва васеъ кардани паркҳои ҳавопаймоӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ муайян гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар фазои ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ватанӣ асосан "Сомон Эйр" фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0