Нишасти изтирории ҳавопаймои Русия дар Самарқанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСамолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото
Самолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймои яке аз ширкатҳои ҳавоии Русия ба далели шароити номусоиди обу ҳаво - туман ва шамол ба фурудгоҳи эҳтиётӣ равон карда шуд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҳавопаймои русӣ, ки дар масири Маскав - Қаршӣ парвоз мекард, маҷбур шуд дар фурудгоҳи эҳтиётӣ дар Самарқанд фуруд ояд.
Ҳавопаймои А47095-и ширкати ҳавоии “Азимут”-и Русия ба далели номусоид будани обу ҳаво ба фурудгоҳи Самарқанд равон карда шуд. Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар Қаршӣ он вақт туман буд ва шамоли сахт мевазид.
Дар соати 07:15 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймо бо 100 мусофир фуруд омад ва мунтазири беҳбуди шароити обу ҳаво шуд.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Uzbekistan Airports, маҳдудиятҳо барои нишаст ва парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қарши дар давоми як соат аз байн бурда шуд.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Парвоз зиёд, билет арзон, ҳавопаймоҳо нав мешаванд: Вакили тоҷик аз оқибати сабукиҳо гуфт
Ёдовар мешавем, ки ҷараёни мусофиркашони тариқи ҳавопаймо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Аксари мусофироне, ки аз Русия ба хориҷи кишвар парвоз мекунанд, бештар самти Тоҷикистон интихоб кардаанд. Дигар самтҳои маъруфи парвози русҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0