https://sputnik.tj/20221212/emomali-rahmon-pokiston-meravad-1053461870.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон меравад
Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард
2022-12-12T16:03+0500
2022-12-12T16:03+0500
2022-12-12T16:03+0500
дар тоҷикистон
покистон
ҳамкорӣ
раисҷумҳур
исломобод
эмомалӣ раҳмон
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_0:0:2610:1469_1920x0_80_0_0_bba2df8004e8487a7ed254ececf67751.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тавре аз дафтари матбуоти президент ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, сафари раисҷумҳури кишвар ба Исломобод рӯзи чаҳоршанбе оғоз гардида, ду рӯз идома хоҳад кард.“Дар ин сафари дурузаи расмии раисҷумҳури кишвар ба Покистон асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд”, - афзуд манбаъ.Охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд.Қайд карда шудааст, ки ин боздидаш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир бо Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон дар чаҳорчуби чанд чорабинии байналмилалӣ дидору гуфтугӯ карда буд.Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо он замон равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карда буданд.Ҳамзамон бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз моҳи сентябр то декабри соли равон ба Покистон ду маротиба корвони кумакҳои башардӯстона равон карда буд.Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт аз Тоҷикистон дар рӯзи аввали зимистон озими Покистон гардида буданд.Қобили зикр аст, ки дар пайи офатҳои табиии моҳҳои охир, аз ҷумла селу обхезиҳо садҳо нафар дар Покистон ба ҳалокат расида, даҳҳо миллиони дигар зарар диданд.Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон маҳз ба шаҳрвандони осебдида аз ин офатҳои табиӣ равон карду шуд.
https://sputnik.tj/20220915/rahmon-nakhustvazir-pokiston-shsh-terrorizm-afghoniston-1051439263.html
покистон
исломобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_130:0:2442:1734_1920x0_80_0_0_2a3618c80069471264e3c11d08ffdea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, сафар, расмӣ, эмомалӣ раҳмон, исломобод, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, покистон, сафар, расмӣ, эмомалӣ раҳмон, исломобод, ҳамкорӣ, равобит
Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон меравад
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тавре аз дафтари матбуоти президент ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, сафари раисҷумҳури кишвар ба Исломобод рӯзи чаҳоршанбе оғоз гардида, ду рӯз идома хоҳад кард.
“Дар ин сафари дурузаи расмии раисҷумҳури кишвар ба Покистон асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд”, - афзуд манбаъ.
Охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд.
Қайд карда шудааст, ки ин боздидаш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир бо Шаҳбоз Шариф сарвазири Покистон дар чаҳорчуби чанд чорабинии байналмилалӣ дидору гуфтугӯ карда буд.
Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо он замон равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карда буданд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз моҳи сентябр то декабри соли равон ба Покистон ду маротиба корвони кумакҳои башардӯстона равон карда буд.
Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт аз Тоҷикистон дар рӯзи аввали зимистон озими Покистон гардида буданд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи офатҳои табиии моҳҳои охир, аз ҷумла селу обхезиҳо садҳо нафар дар Покистон ба ҳалокат расида, даҳҳо миллиони дигар зарар диданд.
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон маҳз ба шаҳрвандони осебдида аз ин офатҳои табиӣ равон карду шуд.