https://sputnik.tj/20220915/rahmon-nakhustvazir-pokiston-shsh-terrorizm-afghoniston-1051439263.html
Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар СҲШ мавзуъҳои терроризм ва Афғонистонро матраҳ карданд
Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар СҲШ мавзуъҳои терроризм ва Афғонистонро матраҳ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи амният мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ мебошад
2022-09-15T19:40+0500
2022-09-15T19:40+0500
2022-09-15T20:14+0500
дар тоҷикистон
покистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:799:449_1920x0_80_0_0_dc8687fbe8a5b819185d2d0fc1debfbc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд мулоқот карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои миёни ҷумҳуриҳо дар заминаи амниятро баррасӣ карданд. Ҳадафи асосии он мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва таҳдидҳои глобалӣ буд.Сарвари давлат қайд кард, ки "таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад". Ба гуфтаи ӯ, кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашм ва пӯст бо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мармар ва шишаи сохтмонӣ манфиатдор аст. Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боздиди расмӣ ба ҷумҳуриҳо якдигарро даъват карданд.
https://sputnik.tj/20220906/dastur-rahmon-kumak-bashardustona-pokiston-1051192166.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:709:532_1920x0_80_0_0_2b0ea94190fdee3128a29c535c6ae56c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон нахуствазир покистон сҳш терроризм афғонистон
раҳмон нахуствазир покистон сҳш терроризм афғонистон
Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар СҲШ мавзуъҳои терроризм ва Афғонистонро матраҳ карданд
19:40 15.09.2022 (Навсозишуда: 20:14 15.09.2022) Ҳадафи аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи амният мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд мулоқот карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мавзӯи аслии музокироти раҳбарони кишварҳо равобити дуҷониба ва ҳамчунин вазъи Афғонистон буд.
"Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карданд", — омадааст дар хабар.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои миёни ҷумҳуриҳо дар заминаи амниятро баррасӣ карданд.
Ҳадафи асосии он мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва таҳдидҳои глобалӣ буд.
Сарвари давлат қайд кард, ки "таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад".
Ба гуфтаи ӯ, кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашм ва пӯст бо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мармар ва шишаи сохтмонӣ манфиатдор аст.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боздиди расмӣ ба ҷумҳуриҳо якдигарро даъват карданд.