Танҳо бо пули буҷа рушд намешавад: Вазири молия дар бораи зарурати қарзгирӣ

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки аз созмону кишварҳои хориҷӣ маблағҳоро бештар на ба сифати қарз, балки ҳамчун грант ҷалб намояд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маб­лағҳои буҷетӣ таъмин кардан ғайриимкон аст, изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи қарзгириҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" баён доштааст.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар ҷаҳони муосир ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ раванди маъмулӣ мебошад.
"Маҳз дар ин замина давлатҳо рушди иқтисодии худро тавассути татбиқи ҳар гуна тарҳу лоиҳаҳои афзалиятдошта таъмин менамоянд. Аз ҷониби дигар бояд дарк кунем, ки рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маб­лағҳои буҷетӣ таъмин кардан аз имкон берун аст", - гуфт ӯ.
Қаҳҳорзода таъкид намудаст, ки роҳбарияти Вазорати молия тасмими ҷиддӣ дорад, ки минбаъд аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бештар грант ҷалб гардад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси иттилои расмӣ ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали октябри соли равон 3,8 млрд доллари амрикоӣ ё 37,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд доллар ё 85% қарзи берунаи давлатӣ ва ҳудуди 600 млн доллар 15% қарзи дохилист.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.
Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0