Гиряи ситораҳо: Анҷоми даври ҳаштякниҳоӣ ва тафсилоти чорякниҳоии ҶҶ-2022

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2022. Матч Англия - Франция
Футбол. ЧМ-2022. Матч Англия - Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Обуна шудан
Иштирокдорони даври нимниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2022 муайян гардиданд. Тимҳои ғайричашмдошти чаҳоргона дастаҳои Хорватия ва Марокаш арзёбӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мунтахаби Марокаш тими миллии Португалияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ситораи футбол Криштиану Роналдуро гирёнд.
Худи Роналду ба майдон дар дақиқаи 52-юми бозӣ баромад, аммо бо вуҷуд тими Португалия натавонист ба голи Юсуф Носирӣ, ки дар дақиқаи 42-юм зад, посух диҳад.
Ҳамин тариқ Португалия мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро тарк мекунаду Марокаш дар даври нимниҳоӣ бо қаҳрамони феълӣ, Фаронса вориди майдон мешавад.
Мунтахаби Фаронса дар даври ҳаштякниҳоӣ тими Инглистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дастаи англис имкони баробар кардани ҳисобро дар дақиқаи 84-уми бозӣ дошт, аммо Ҳаррӣ Кейн натавонист тӯбро аз масофаи 11-метрӣ вориди дарвозаи тими Фаронса кунад.
Футбол. ЧМ-2018. Финал. Матч Франция - Хорватия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Аҷобати навбатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол: Хорватия тими Бразилияро шикаст дод
Сабқати Фаронса ва Марокаш шаби 15 декабр соати 00:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ Аргентина бо Хорватия вориди сабқат мешавад. Ин бозӣ соати 00:00-и 14 декабр бо вақти Душанбе баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари тими Марокаш, роҳёбии дастаи Хорватия низ ба Ҷоми Ҷаҳон - 2022 аз ғайричашмдоштҳои ин мусобиқа арзёбӣ мешавад.
Мунтахаби Хорватия аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ бар қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, мунтахаби Бразилия пирӯз шуда, ситораи футбол, Неймарро гирёнд.
Сабқат барои мақоми сеюм рӯзи 17 декабр ва финали Ҷоми Ҷаҳон-2022 рӯзи 18-уми декабр баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0