https://sputnik.tj/20221211/pidrom-az-ima-nekiro-intizor-shudan-sodalavhist-1053434413.html
Пидром: Аз ИМА некиро интизор шудан содалавҳист
Пидром: Аз ИМА некиро интизор шудан содалавҳист
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон иддао дорад, ки ИМА ҳеч гоҳ ният барқарории сулҳ, субот ва адолату озодӣ дар кишварҳои минтақаро надошт
2022-12-11T14:30+0500
2022-12-11T14:30+0500
2022-12-11T14:30+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
има
дар ҷаҳон
сиёсат
абдулатифи пидром
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/94/1030759474_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_0f806bd498baf3d4869f21769c631261.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вашингтон кӯшиш мекунад, душвориҳо ва буҳронҳоро эҷод кунад, изҳор дошт раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латиф Пидром. Ба гуфтаи Пидром, ИМА ҳеҷ гоҳ ҳадафи овардани сулҳ, субот, хушбахтӣ, адолат ва озодӣ ба Афғонистон ва кишварҳои минтақаро надошт. Ин ҳушдори ӯ дар ҳолест, ки қаблан аз афзоиши сафари фиристодаҳои ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ гузоришҳо нашр гардиданд. Дар ин робита роҳбари Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин аз оқибати сафари фиристодаҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.Вай ахиран зимни посух ба суол дар мавриди афзоиши боздидҳои намояндагони ИМА аз минтақа паёмадҳои бади наздикии Аврупо бо ИМА-ро мисол овард, ки ба гуфтааш бештар аз шарикони стратегиянд, аммо барои аврупоиҳо, ин бо бекорӣ, бастани корхонаҳо ва мушкилоти дигар анҷомид.Ӯ гуфт, ИМА дар "пӯсти гӯсфанд" меояд, аммо дандонҳои гургонааш намудоранд. Володин зикр намуд, ки маҳз ИМА барои худ манобеи нерӯро бо як нарх мехараду барои Аврупо бо 4 баробар қимат мефурӯшад.Инчунин ба гуфтаи роҳбари Дума, ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст. Раиси Думаи давлатӣ афзуда буд, ки ин ҳама натиҷаҳоро дар кишварҳои Осиё мебинанд, ки бо Русия дар заминаи эҳтироми тарафайну дахолат накардан ба умури дохилии ҳамдигар ҳамкорӣ доранд.
https://sputnik.tj/20221210/ima-dron-kuhna-shuravi-ukraina-takmil-video-1053430396.html
афғонистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/94/1030759474_105:0:2772:2000_1920x0_80_0_0_21606ff8538c3bc661e68d7404a1c48b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсатмадор, афғон, буҳрон, има
сиёсатмадор, афғон, буҳрон, има
Пидром: Аз ИМА некиро интизор шудан содалавҳист
Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон иддао дорад, ки ИМА ҳеч гоҳ ният барқарории сулҳ, субот ва адолату озодӣ дар кишварҳои минтақаро надошт
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вашингтон кӯшиш мекунад, душвориҳо ва буҳронҳоро эҷод кунад, изҳор дошт раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латиф Пидром.
Ба гуфтаи Пидром, ИМА ҳеҷ гоҳ ҳадафи овардани сулҳ, субот, хушбахтӣ, адолат ва озодӣ ба Афғонистон ва кишварҳои минтақаро надошт.
"Баръакс, Вашингтон кӯшиш мекунад, ки душвориҳо ва буҳронҳо ба вуҷуд оварад. Некиро интизор шудан аз ИМА содалавҳист", - таъкид намуд сиёсатмадори афғонистонӣ.
Ин ҳушдори ӯ дар ҳолест, ки қаблан аз афзоиши сафари фиристодаҳои ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ гузоришҳо нашр гардиданд.
Дар ин робита роҳбари Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин аз оқибати сафари фиристодаҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
Вай ахиран зимни посух ба суол дар мавриди афзоиши боздидҳои намояндагони ИМА аз минтақа паёмадҳои бади наздикии Аврупо бо ИМА-ро мисол овард, ки ба гуфтааш бештар аз шарикони стратегиянд, аммо барои аврупоиҳо, ин бо бекорӣ, бастани корхонаҳо ва мушкилоти дигар анҷомид.
Ӯ гуфт, ИМА дар "пӯсти гӯсфанд" меояд, аммо дандонҳои гургонааш намудоранд. Володин зикр намуд, ки маҳз ИМА барои худ манобеи нерӯро бо як нарх мехараду барои Аврупо бо 4 баробар қимат мефурӯшад.
Инчунин ба гуфтаи роҳбари Дума, ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст.
Раиси Думаи давлатӣ афзуда буд, ки ин ҳама натиҷаҳоро дар кишварҳои Осиё мебинанд, ки бо Русия дар заминаи эҳтироми тарафайну дахолат накардан ба умури дохилии ҳамдигар ҳамкорӣ доранд.