https://sputnik.tj/20221211/lavrov-tasisi-segonai-gazi-bozi-siyosi-1053434643.html
Лавров: Таъсиси "сегонаи газӣ" бо Қазоқистону Ӯзбекистон бозии сиёсӣ нест
Лавров: Таъсиси "сегонаи газӣ" бо Қазоқистону Ӯзбекистон бозии сиёсӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия аз талоши Ғарб барои додани ангезаи сиёсӣ ба ташаббуси таъсиси сегонаи газӣ ҳамроҳ бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон гуфт
2022-12-11T16:30+0500
2022-12-11T16:30+0500
2022-12-11T16:30+0500
бозӣ
сиёсӣ
дар русия
иқтисод
газ
қазоқистон
ӯзбекистон
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052836712_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d4323608c7497a53d5fe17525102cec4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ташаббус дар мавриди ташкили иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон танҳо дар ҳоли баррасист, аммо дар Ғарб аллакай онро ангезаи сиёсӣ доданд. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар суҳбат бо "Хабар 24" баён доштаст. "Махсусан дар Ғарб иддао доранд, ки ин бозии сиёсӣ ва ё геосиёсӣ аст. Ҳеч гуна бозӣ дар тарҳ нест", - изҳор доштаст ӯ. Вай таъкид намудаст, ки ин се кишвар инфрасохтори умумии газӣ доранд ва чунин тарҳҳо метавонанд барои ҳалли масоили мушаххаси амалӣ мусоидат намоянд. Ӯ гуфт, ахиран паёме хонд, ки Ӯзбекистон дучори камбуди нерӯи барқ шудааст ва афзуд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо тарҳҳои муштарак барои ҳалли мушкилот мусоидат мекунанд. Ахиран роҳбарони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд,Сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст. "Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст", - гуфт ӯ. Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангсозии интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20221205/tojikiston-voridot-gazi-moe-kam-1053284069.html
қазоқистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052836712_108:0:2839:2048_1920x0_80_0_0_f1187ca09b2a46d19327f6a2948a040e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, тарҳ, газ, бозӣ, сиёсӣ
маскав, тарҳ, газ, бозӣ, сиёсӣ
Лавров: Таъсиси "сегонаи газӣ" бо Қазоқистону Ӯзбекистон бозии сиёсӣ нест
Вазири умури хориҷии Русия аз талоши Ғарб барои додани ангезаи сиёсӣ ба ташаббуси таъсиси сегонаи газӣ ҳамроҳ бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон гуфт
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ташаббус дар мавриди ташкили иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон танҳо дар ҳоли баррасист, аммо дар Ғарб аллакай онро ангезаи сиёсӣ доданд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар суҳбат бо "Хабар 24" баён доштаст.
"Махсусан дар Ғарб иддао доранд, ки ин бозии сиёсӣ ва ё геосиёсӣ аст. Ҳеч гуна бозӣ дар тарҳ нест", - изҳор доштаст ӯ.
Вай таъкид намудаст, ки ин се кишвар инфрасохтори умумии газӣ доранд ва чунин тарҳҳо метавонанд барои ҳалли масоили мушаххаси амалӣ мусоидат намоянд. Ӯ гуфт, ахиран паёме хонд, ки Ӯзбекистон дучори камбуди нерӯи барқ шудааст ва афзуд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо тарҳҳои муштарак барои ҳалли мушкилот мусоидат мекунанд.
Ахиран роҳбарони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд,
Сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст.
"Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.
Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангсозии интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ мешавад.