Коҳиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкНефтепродукты, архивное фото
Нефтепродукты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ба далели камбуди гази табиӣ ва нисбатан гарон будани бензину сӯзишвории дизелӣ ба таври васеъ аз гази моеъ истифода бурда мешавад
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ҳаҷми гази моеъ, ки Тоҷикистон аз моҳи январ то сентябри соли равон харидорӣ кардааст, наздики 235 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои "Argus Media", ҳаҷми воридшудаи гази моеъ дар нуҳмоҳаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,2% камтар мебошад. Зикр гардид, ки тайи моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба ҷумҳурӣ наздики 284 ҳазор тона гази моеъ ворид шудаст.
Таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо гази моеъ ҳамоно Қазоқистон боқӣ мондааст.
"Дар давраи ҳисоботӣ 86%-и воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии Қазоқистон Қазоқистон сурат гирифтааст. Ҳудуди 8% ба Ӯзбекистон ва 3% ба Русия рост меояд", - омадааст дар иттилоия.
АЗС в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
“Газ нест”: Мушкили дарёфти гази моеъ дар вилояти Суғд
Маврид ба зикр аст, ки бештари сокинони Тоҷикистон ба далели набуди гази табиӣ дар шароити хона низ аз гази моеъ истифода мекунанд. Махсусан дар шароити зимистон, ки минтақаҳои ҷумҳурӣ бо маҳдудият барқ мегиранд, талабот ба гази моеъ махсусан афзоиш меёбад.
Дар баробари ин бисёре аз моликони худравҳо дар Тоҷикистон солҳои охир дар мошинҳояшон дастгоҳҳои гази моеъро насб карданд. Ҳадаф сарфи маблағ арзёбӣ мешуд, чун гази моеъ нисбат ба бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар аст.
Коҳиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки бар асоси қонуни арзаю талабот ҳар қадаре мол дар бозор бештар бошад, ҳамон қадар нархаш поинтар меравад ва баръакс камчинии мол болоравии нархро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0