https://sputnik.tj/20221210/jomi-jahonii-futbol-khorvatiya-braziliya-shikast-1053421758.html
Аҷобати навбатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол: Хорватия тими Бразилияро шикаст дод
Аҷобати навбатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол: Хорватия тими Бразилияро шикаст дод
Вақти асосӣ бидуни гол анҷом ёфт ва дар вақти изофӣдар силсилаи пеналтӣ тими Хорватия бартарӣ нишон дод ва Бразилияро аз идомаи сабқат маҳрум кард
2022-12-10T11:29+0500
2022-12-10T11:29+0500
2022-12-10T11:39+0500
дар ҷаҳон
футбол
бразилия
хорватия
ҷавонон ва варзиш
ҷоми ҷаҳонии футбол
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102610/45/1026104541_0:114:2527:1535_1920x0_80_0_0_5ebedac40106c9ff98ff4d10576b1197.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мунтахаби Хорватия аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ бар бразилиҳо пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Ин бозӣ дар байни чорякфинал аввалин буд. Вақти муқаррарӣ бо мусовии бидуни гол анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт. Дар дақиқаи 105-ум Неймар ҳисобро боз кард, вале дар дақиқаи 117-ум Бруно Петкович ҳисобро баробар кард. Ғолиб дар зарбаи пеналтӣ муайян карда шуд ва аз ҳар як даста чаҳор зарбаӣ зад.Кӯшишҳои аввал ва чоруми бразилияҳо ба самар нарасид , аммо хорватҳо ҳар чор голро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд ва ҳамин тавр бар тими Бразилия пирӯз шуданд.Зимнан, дар бозии дигар мунтахаби Аргентина низ дар силсилаи пеналтӣ бар Голланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ҳоло хорватҳо интизори бозӣ бо Аргентина ҳастанд.Бояд гуфт, дарвозабони хорватӣ Ливакович қаҳрамони бозии даври 1/8 финалӣ бо Ҷопон буд, ки дар он ғолиб низ дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд ва дарвозабон имкон надод, ки се туби ҳариф вориди дарвоза шавад.
https://sputnik.tj/20221203/juftho-davr-final-jomi-jahonii-futbol-malum-1053248160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102610/45/1026104541_163:0:2362:1649_1920x0_80_0_0_8efa4b26b9b56fb514147ecb09c53a12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
футбол ҷоми ҷаҳонии футбол бразилия хорватия
футбол ҷоми ҷаҳонии футбол бразилия хорватия
Аҷобати навбатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол: Хорватия тими Бразилияро шикаст дод
11:29 10.12.2022 (Навсозишуда: 11:39 10.12.2022) Вақти асосӣ бидуни гол анҷом ёфт ва дар вақти изофӣдар силсилаи пеналтӣ тими Хорватия бартарӣ нишон дод ва Бразилияро аз идомаи сабқат маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мунтахаби Хорватия аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ бар бразилиҳо пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.
Ин бозӣ дар байни чорякфинал аввалин буд. Вақти муқаррарӣ бо мусовии бидуни гол анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт.
Дар дақиқаи 105-ум Неймар ҳисобро боз кард, вале дар дақиқаи 117-ум Бруно Петкович ҳисобро баробар кард. Ғолиб дар зарбаи пеналтӣ муайян карда шуд ва аз ҳар як даста чаҳор зарбаӣ зад.
Кӯшишҳои аввал ва чоруми бразилияҳо ба самар нарасид , аммо хорватҳо ҳар чор голро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд ва ҳамин тавр бар тими Бразилия пирӯз шуданд.
Зимнан, дар бозии дигар мунтахаби Аргентина низ дар силсилаи пеналтӣ бар Голланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ҳоло хорватҳо интизори бозӣ бо Аргентина ҳастанд.
Бояд гуфт, дарвозабони хорватӣ Ливакович қаҳрамони бозии даври 1/8 финалӣ бо Ҷопон буд, ки дар он ғолиб низ дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд ва дарвозабон имкон надод, ки се туби ҳариф вориди дарвоза шавад.