https://sputnik.tj/20221210/nebenzya-kompleks-harbi-sanoati-rusiya-ehtiyoj-nadorad-1053424109.html
Небензя: Маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Русия ба кумаки касе ниёз надорад
Небензя: Маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Русия ба кумаки касе ниёз надорад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Ҷаҳонӣ изҳорот дод 10.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-10T15:29+0500
2022-12-10T15:29+0500
2022-12-10T15:29+0500
дар русия
василий небензя
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_0:0:2947:1657_1920x0_80_0_0_c805cac48d44e8c2323f26faa88d17ec.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мақомоти Киев бо кумаки аслиҳаи ғарбӣ талош доранд, ки Донетскро айнан ба хок яксон кунанд. Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар Украина изҳор дошт. Ба гуфтаи Небензя, Русия аз он изҳори таассуф мекунад, ки котиботи СММ Киевро барои ҳамла ба ин шаҳр маҳкум накардааст. Намояндаи доимии Русия афзуд, ҳамлаҳои ҳамарӯза ба маҳаллаҳои истиқоматӣ, ки ҳадафҳои низомӣ вуҷуд надоранд ва буда наметавонанд, бо хашм сурат мегиранд. Дар баробари ин Небензя қайд кард, ки комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада метавонад ва ба кумаки касе ниёз надорад. Дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, дипломат таъкид кард, ки "шарикони собиқи ғарбии" Русия " ба иддаои беасос дар мавриди интиқоли силоҳа аз Эрон ба Русия пофишорӣдоранд, ҳарчанд Теҳрону Маскав онро борҳо рад карданд.Вай ишора кард, ки Маҷмааи саноатии низомии Украина амалан вуҷуд надорад, Маҷмааи саноатии ҳарбии кишварҳои ғарбӣ барои он кор мекунад. Ҳамзамон ширкати Амрико ва кишварҳои дигар дар ҳадафи аслиҳаи Украина паёмадҳои ҳуқуқӣ хоҳад дошт.Ба гуфтаи Небензя, Федератсияи Русия дақиқ медонад, ки мутахассисони амрикоӣ дар амалиёти дастгоҳҳои HIMARS дар Украина ҷалб шудаанд.
https://sputnik.tj/20221022/nebenziya-ittihomot-intiqol-besarnishin-eron-rusiya-1052356802.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_16:0:2745:2047_1920x0_80_0_0_dfb8220d0e2ec59a50c416ac83368a14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, василий небензя, амният ва мудофиа
дар русия, василий небензя, амният ва мудофиа
Небензя: Маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Русия ба кумаки касе ниёз надорад
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Ҷаҳонӣ изҳорот дод
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мақомоти Киев бо кумаки аслиҳаи ғарбӣ талош доранд, ки Донетскро айнан ба хок яксон кунанд. Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар Украина изҳор дошт.
"Дар як ҳафтаи ахир дар Донетск бо истифода аз аслиҳаи ғарбӣ як куштори воқеъӣ сурат гирифтааст. Нерӯҳои украинӣ бо таҳрики кишварҳои ғарбӣ саъй доранд, ки шаҳрро айнан ба хок яксон кунанд", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Небензя, Русия аз он изҳори таассуф мекунад, ки котиботи СММ Киевро барои ҳамла ба ин шаҳр маҳкум накардааст.
Намояндаи доимии Русия афзуд, ҳамлаҳои ҳамарӯза ба маҳаллаҳои истиқоматӣ, ки ҳадафҳои низомӣ вуҷуд надоранд ва буда наметавонанд, бо хашм сурат мегиранд.
Дар баробари ин Небензя қайд кард, ки комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада метавонад ва ба кумаки касе ниёз надорад.
Дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, дипломат таъкид кард, ки "шарикони собиқи ғарбии" Русия " ба иддаои беасос дар мавриди интиқоли силоҳа аз Эрон ба Русия пофишорӣдоранд, ҳарчанд Теҳрону Маскав онро борҳо рад карданд.
Вай ишора кард, ки Маҷмааи саноатии низомии Украина амалан вуҷуд надорад, Маҷмааи саноатии ҳарбии кишварҳои ғарбӣ барои он кор мекунад. Ҳамзамон ширкати Амрико ва кишварҳои дигар дар ҳадафи аслиҳаи Украина паёмадҳои ҳуқуқӣ хоҳад дошт.
Ба гуфтаи Небензя, Федератсияи Русия дақиқ медонад, ки мутахассисони амрикоӣ дар амалиёти дастгоҳҳои HIMARS дар Украина ҷалб шудаанд.