https://sputnik.tj/20221210/dushanbe-mard-mast-dashnom-kormand-bda-habs-1053420610.html
Сокини Душанбе барои дашном додани кормандони БДА ҳабс шуд
Сокини Душанбе барои дашном додани кормандони БДА ҳабс шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 35-солаи пойтахт кормандони милитсияро дар ҳолати мастӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дашномҳои қабеҳ задааст, ки барои ин кор ҷазо дода шуд 10.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-10T12:28+0500
2022-12-10T12:28+0500
2022-12-10T12:28+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳабс
мастӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631110_0:143:2700:1662_1920x0_80_0_0_d18c5b567251690ea253616cf37cfe6c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар Душанбе сокини пойтахт барои беэҳтиромӣ нисбати кормандони БДА ва ҳамзамон вайрон намудани тартиботи ҷамъятӣ ҳабс карда шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.Ба иттилои манбаъ, номбурда шабҳангом дар ҳолати мастӣ аз хиёбони Рӯдакӣ гузашта, нисбати кормандони бозрасӣ, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, онҳоро дашномҳои қабеҳ зад ва ба ҳамин роҳ тартиботи ҷамъиятиро низ халалдор кард.Манбаъ меафзояд, нисбати сокини Душанбе тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.Ҳамин тариқ, номбурда ба муҳлати ҳафт шабонарӯз паси панҷара меравад.Қаблан, як кондукторро дар Душанбе барои таҳқир ва дашном додани пирамард ба муҳлати даҳ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.
https://sputnik.tj/20220306/habsi-konduktor-dushanbe-piramard-dashnom-1046581016.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631110_148:0:2552:1803_1920x0_80_0_0_ab46b2a41b3155c7f7b3d9dc18c8f3b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳабс, мастӣ
дар тоҷикистон, душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳабс, мастӣ
Сокини Душанбе барои дашном додани кормандони БДА ҳабс шуд
Сокини 35-солаи пойтахт кормандони милитсияро дар ҳолати мастӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дашномҳои қабеҳ задааст, ки барои ин кор ҷазо дода шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар Душанбе сокини пойтахт барои беэҳтиромӣ нисбати кормандони БДА ва ҳамзамон вайрон намудани тартиботи ҷамъятӣ ҳабс карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шабҳангом дар ҳолати мастӣ аз хиёбони Рӯдакӣ гузашта, нисбати кормандони бозрасӣ, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, онҳоро дашномҳои қабеҳ зад ва ба ҳамин роҳ тартиботи ҷамъиятиро низ халалдор кард.
Манбаъ меафзояд, нисбати сокини Душанбе тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда ба муҳлати ҳафт шабонарӯз паси панҷара меравад.
Қаблан, як кондукторро дар Душанбе барои таҳқир ва дашном додани пирамард ба муҳлати даҳ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.