Тафсилоти ҳабси кондуктор дар Душанбе: барои роҳкиро пирамардро дашном доду паст зад

© РВКД дар шаҳри ДушанбеҲабси "кондуктор" барои дашноми пирамард
Ҳабси кондуктор барои дашноми пирамард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Обуна шудан
Ҳамакнун пулчини мусофирбари хатсайри №15 даҳ шабонарӯзро пушти панҷара сипарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кондуктор ва ё пулчине, ки барои маблағи роҳкиро як пирамардро дашному ҳақорат дод, боздошт кард.
Мавриди зикр аст, ки 5-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчини мусофирбари хатсайри №15 нисбати як нафар мусофири пирамард инъикос ёфта, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
Корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархости боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани пулчинро карда буданд.
Такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Ҳабси ронандаи мусофирбар дар Душанбе барои зер кардани мард дар роҳи пиёдагузар
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур ва роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфтор муайян ва аз тарафи мақомоти милитсия боздошт шуд.
Гуфта мешавад, боздоштшуда Ҷамолиддинзода Муродбеки 32-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, муддатест, дар автомашинаи тамғаи "Мерседес-Спринтер", рақами қайди давлатиаш 08.16ТТ05, хатсайри №15 ба ҳайси пулчин (кондуктор) фаъолият мекунад.

"Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбати мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст",- афзуд манбаъ.

ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамолиддинзода Муродбек протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ шуд.
Инчунин бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хидматрасонии мусофирбарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0