https://sputnik.tj/20221209/vazn-ziyod-baromad-muhoriba-terminator-tojik-laghv-1053412723.html
“Вазнаш 1,5 кило зиёд баромад”: муҳорибаи “Терминатор” и тоҷик лағв шуд
“Вазнаш 1,5 кило зиёд баромад”: муҳорибаи “Терминатор” и тоҷик лағв шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳорибаи Фаридун Одилов бо тахаллуси Терминатор бо Даврон Ермекови қазоқ ба далели зиёд будани вазни варзишкори тоҷик лағв шуд
2022-12-09T19:30+0500
2022-12-09T19:30+0500
2022-12-09T20:21+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
муҳориба
лағв
размикор
вазн
вазни зиёдатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102295/42/1022954264_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_9ceec12b5a2bf3227ee205ec734bd1d7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Қарор буд, рӯзи 10 уми декабр варзишгари номдори тоҷик Фаридун Одилов бо тахаллуси “Терминатор” бо Даврон Ермекови қазоқ вориди октагон (шашкунҷа) мешуд.Дар ин муҳориба размикори тоҷик бояд камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоя мекард. Аммо мутаасифона муҳориба ин варзишкор лағв шуд.Усто Устопиров, устоди маъруфи куштӣ ва яке аз мурабиёни Фаридун Одилов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон лағви ин рақобатро таъйид кард.“Ин хабарро аз расонаҳо хонадам. Маълум шуд, ки сабаби лағви муҳориба аз меъёр изофа будани вазни варзишгар аст. Вазни ӯ 1,5 кило зиёдтар баромад. Акнун ду роҳ аст, ё дигар шартнома мебанданду ҳарифи Одилов дигар кас мешавад. Ё ин ки шартнома мебанданду ин муҳориба ба рӯзи дигар гузаронида мешавад”, - гуфт ӯ.Устопиров таъкид кард, ки бисёре аз варзишкорон ба ин мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.Устоди Одилов изҳори умедвори кард, ки баргузоркунандаи ин муҳориба мушкили пешомадаи варзишгарро дарк мекунанд ва муҳорибаи ӯро, ки ҳимояи унвони қаҳрамонӣ аст ба дигар рӯз мегузаронанд.Ёдовар мешавем, ки бино ба иттилоъи ин мурабӣ, Одилов як моҳ ба ин тараф барои тамрин дар шаҳри Маскав қарор дорад.Фаридун Одилов 29 сол дорад ва қаҳрамони Eagle FC дар вазни миёна мебошад. Рақиби ӯ 33 – сола аст. Дар ҳоли пирӯзи роҳи ӯ ба ташкилоти UFC боз хоҳад шуд.Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби "Терминатор" унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.Фаридун феълан 12 ғалаба ду мусовӣ дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дошта, аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.
https://sputnik.tj/20221208/nabard-terminator-tojik-razmikor-qazoq-odilov-1053376566.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102295/42/1022954264_277:0:2500:1667_1920x0_80_0_0_22307b14c9a317c3d23bef3bd3aa0aad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳориба, лағв, терминатор, қазоқ, лағв, вазн, варзишкор, тоҷик
тоҷикистон, муҳориба, лағв, терминатор, қазоқ, лағв, вазн, варзишкор, тоҷик
“Вазнаш 1,5 кило зиёд баромад”: муҳорибаи “Терминатор” и тоҷик лағв шуд
19:30 09.12.2022 (Навсозишуда: 20:21 09.12.2022) Эксклюзив
Муҳорибаи Фаридун Одилов бо тахаллуси "Терминатор" бо Даврон Ермекови қазоқ ба далели зиёд будани вазни варзишкори тоҷик лағв шуд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Қарор буд, рӯзи 10 уми декабр варзишгари номдори тоҷик Фаридун Одилов бо тахаллуси “Терминатор” бо Даврон Ермекови қазоқ вориди октагон (шашкунҷа) мешуд.
Дар ин муҳориба размикори тоҷик бояд камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоя мекард. Аммо мутаасифона муҳориба ин варзишкор лағв шуд.
Усто Устопиров, устоди маъруфи куштӣ ва яке аз мурабиёни Фаридун Одилов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон лағви ин рақобатро таъйид кард.
“Ин хабарро аз расонаҳо хонадам. Маълум шуд, ки сабаби лағви муҳориба аз меъёр изофа будани вазни варзишгар аст. Вазни ӯ 1,5 кило зиёдтар баромад. Акнун ду роҳ аст, ё дигар шартнома мебанданду ҳарифи Одилов дигар кас мешавад. Ё ин ки шартнома мебанданду ин муҳориба ба рӯзи дигар гузаронида мешавад”, - гуфт ӯ.
Устопиров таъкид кард, ки бисёре аз варзишкорон ба ин мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
“Қаблан ду ҳарифи Одилов ҳам ба ин мушкил дучор шуда буданд ва муҳорибаи онҳо низ лағв карда шуд”,- зикр кард Устопиров.
Устоди Одилов изҳори умедвори кард, ки баргузоркунандаи ин муҳориба мушкили пешомадаи варзишгарро дарк мекунанд ва муҳорибаи ӯро, ки ҳимояи унвони қаҳрамонӣ аст ба дигар рӯз мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба иттилоъи ин мурабӣ, Одилов як моҳ ба ин тараф барои тамрин дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Фаридун Одилов 29 сол дорад ва қаҳрамони Eagle FC дар вазни миёна мебошад. Рақиби ӯ 33 – сола аст. Дар ҳоли пирӯзи роҳи ӯ ба ташкилоти UFC боз хоҳад шуд.
Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби "Терминатор" унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба ду мусовӣ дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.
Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дошта, аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.