Набарди “Терминатор”-и тоҷик бо размикори қазоқ: Одилов чӣ бартарӣ дорад?

© Акс аз бойгонии Фаридун Одилов Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
Бартарии размикори тавонони тоҷик аз ҳарифи қазоқаш дар ин аст, ки ӯ маҳоратҳои куштигирӣ ва муштзаниро хуб медонад ва кор мекунад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Қарор аст, рӯзи 10 уми декабр варзишгари номдори тоҷик Фаридун Одилов бо тахаллуси Терминатор бо Даврон Ермекови қазоқ вориди октагон (шашкунҷа) шаванд.
Дар ин муҳориба размикори тоҷик камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоя хоҳад кард.
Мусобиқаи мазкурро ташкилоти Eagle FC-и собиқ қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар пойтахти Қазоқистон баргузор мекунад.
Усто Устопиров, устоди маъруфи куштӣ ва яке аз мурабиёни Фаридун Одилов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон баргузории ин муҳорибаро таъйид кард.
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Нурмуҳаммадов тоҷиконро ба хашм овард: чӣ шуд?
Ӯ, гуфт, сана тағйир наёфтааст ва баргузории сабқат рӯзи 10 уми декабр дар назар дошта шудааст.
Ин устоди варзиш зимни суҳбат дар бораи бартариҳои Одилов таъкид кард, ки сарчамшаи муҳорибаҳои омехта куштӣ аст.
“Фаридун куштии тарзи озод ва ҳам намуди самборо балад аст. Гузашта аз ин ӯ ба мисли падараш Мирфаёз муштзаниро аз бар кардаасту дастонаш хуб кор мекунанд. Ӯ, ҳам ҷисмонӣ ва ҳам техникӣ хуб омодагӣ дидааст. Умедворем бо мадади Худованд унвони қаҳрамониашро ҳимоя кунад” – зикр кард, Устопиров.
Бино ба иттилоъи ин мурабӣ, Одилов як моҳ ба ин тараф барои тамрин дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Фаридун Одилов 29 сол дорад ва қаҳрамони Eagle FC дар вазни миёна мебошад. Рақиби ӯ 33 – сола аст. Дар ҳоли пирӯзи роҳи ӯ ба ташкилоти UFC боз хоҳад шуд.
Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард: навори нокаут
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба ду мусовӣ дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.
Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дошта, аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.
Лентаи хабарҳо
0