Шойгу: Кишварҳои СҲШ ва ИДМ тасмим доранд ҳамкориҳои низомиро густариш диҳанд

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с министром обороны РФ С. Шойгу
Президент РФ В. Путин провел встречу с министром обороны РФ С. Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Вазири дифои Русия ахиран гуфт, ки кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ бояд механизми табодули иттилоот дар соҳаи амниятро такмил диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу баъд аз нишасти вазирони дифои СҲШ ва ИДМ таъкид кард, ки кишварҳои узви ин ду созмон ҳамкориҳоро дар арсаи низомӣ афзоиш хоҳанд дод.
“Дар нишаст зарурат бар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ва ИДМ, таҳкими эътимоди мутақобила ва роҳандозии робитаҳои зич бо дигар созмонҳои манфиатдор таъкид шуд”, - гуфт Шойгу.
Вазири дифои Русия ҳамчунин қайд кард, ки иштирокчиёни ҷаласа дар бораи такмили механизми табодули иттилоот дар соҳаи амният, инчунин мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таълимии оперативӣ ва ҷангиро бо таҳияи тактикии нави ҷангӣ ба мувофиқа расиданд.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Шойгу: Русия ирсоли силоҳро ба Тоҷикистон идома медиҳад
Вазири дифои Русия гуфт, ки кишварҳои узв ба тактикаи наве, ки террористони байналмилаӣ истифода мебаранд, бояд мубориза бурд.
Ахиран дар Маскав ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ баргузор шуд, ки дар ин ҷаласа вазири дифои умии Чин генерал-полковник Вей Фэнхэ ба таври маҷозӣ суханронӣ кард.
Зимни мулоқот вазирони дифоъ масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0