Шойгу: Русия ирсоли силоҳро ба Тоҷикистон идома медиҳад

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Омӯзиши низомиёни тоҷик ва омода кардани кадрҳои низомӣ аз ҷониби мутахассисони рус низ ба афзоиши иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Русия қасд дорад интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистонро идома диҳад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, зимни музокирот бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо дар нишасти намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Маскав изҳор дошт.
"Мо кумаки низомиву фаннӣ ва мусоидат ба афзоиши зарфияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро идома хоҳем дод. Ин ба таъмини аслиҳаи Русия, омӯзиши нирӯҳо ва омӯзиши кадрҳои низомӣ марбут аст", - гуфт Шойгу.
Вазири дифои Русия афзуд, ҳамкориҳои ду кишвар омили муҳими ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ аст. Ӯ ҳамчунин ба нақши пойгоҳи низомии 201-уми Русия алоҳида таъкид кардааст.
Дар навбати худ Шералӣ Мирзо ба ҳамтои русаш барои кумак ва дастгирии ҳамаҷонибааш изҳори сипос намуда, аҳамияти фаъолияти муштараки Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро қайд кард.
Военнослужащий коллективных сил ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Таҳвили техника ба маблағи 12 млрд рубл: коршинос омили амнияти Тоҷикистонро гуфт
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, нақшаи ҳамкорӣ барои соли 2023-ро ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав нишасти сарони вазоратҳои дифоъи кишварҳои СҲШ ва ИДМ ҷараён дорад.
Мавзӯъҳои аслии баҳс амнияти минтақавӣ ва имконоти таҳкими ҳамкорӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0