https://sputnik.tj/20220907/tahvil-tekhnika-mablaghi-mlrd-rubl-tojikiston-1051215009.html
Таҳвили техника ба маблағи 12 млрд рубл: коршинос омили амнияти Тоҷикистонро гуфт
Таҳвили техника ба маблағи 12 млрд рубл: коршинос омили амнияти Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия ба хотири ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳо, аз ҷумла бархоста аз Афғонистон ба маблағи 12 млрд рубл таҷҳизоти низомӣ интиқол додааст, гуфт коршинос
2022-09-07T10:40+0500
2022-09-07T10:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
таъмин кардан
кӯмак
низомӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_770440c78b5e18616b82bbc7fe200133.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Мавзуи осебпазирии Тоҷикистон дар пасманзари таҳдидҳои афзоянда, умдатан аз самти Афғонистон дар даҳсолаҳои ахир аз масоили аслии рӯзномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад. Ин нуктаро Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Н.Г.Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти мубрами байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, мушкили амният на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои узви СААД низ муҳим аст. Иттифоқчиёни ҷумҳурӣ, асосан Русия, бояд барои таҳкими тавоноии Тоҷикистон, махсусан дар шароити хатарҳои бархоста аз давлати ҳамсоя, кумак кунанд. Илова бар ин, кишварҳо мунтазам машқҳо мегузаронанд, ки амалиёти муштарак дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои террористиро тамрин мекунанд. Коршинос тавзеҳ дод, ки размоишҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки ба низомиён имкон медиҳад, то дар шароити шинос малакаи худро такмил диҳанд."Ин саҳми арзанда дар баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аст", - таъкид кард мусоҳиб.Коренев ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия ёдовар шуд, ки ба назари ӯ, яке аз омилҳои аслии таҳкими тавоноии ҷангии Тоҷикистон мебошад. Инчунин зикр шудаст, ки теъдоди қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳудуди 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки дар пойгоҳи низомии 201-ум қариб 6 ҳазор нафар бозомӯзӣ ва таълим гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220829/rusiya-inshooti-nizomi-tojikiston-1051000669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6073de0ec1548a379cbe75abe7e868b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳвил, техника, маблағ, миллиард, рубл
таҳвил, техника, маблағ, миллиард, рубл
Таҳвили техника ба маблағи 12 млрд рубл: коршинос омили амнияти Тоҷикистонро гуфт
10:40 07.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эксклюзив
Русия ба хотири ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳо, аз ҷумла таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон ба маблағи 12 млрд рубл таҷҳизоти низомӣ интиқол додааст, гуфт коршинос
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Мавзуи осебпазирии Тоҷикистон дар пасманзари таҳдидҳои афзоянда, умдатан аз самти Афғонистон дар даҳсолаҳои ахир аз масоили аслии рӯзномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад.
Ин нуктаро Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Н.Г.Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти мубрами байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили амният на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои узви СААД низ муҳим аст. Иттифоқчиёни ҷумҳурӣ, асосан Русия, бояд барои таҳкими тавоноии Тоҷикистон, махсусан дар шароити хатарҳои бархоста аз давлати ҳамсоя, кумак кунанд.
"Маскав ба Душанбе ба маблағи 12 млрд рубл таҷҳизоти низомӣ интиқол дод. Инҳо танкҳо, тӯпхона, чархболҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон муҳиманд ва аслиҳаи тирандозӣ мебошанд", - гуфт Коренев.
Илова бар ин, кишварҳо мунтазам машқҳо мегузаронанд, ки амалиёти муштарак дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои террористиро тамрин мекунанд.
Коршинос тавзеҳ дод, ки размоишҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки ба низомиён имкон медиҳад, то дар шароити шинос малакаи худро такмил диҳанд.
"Ин саҳми арзанда дар баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аст", - таъкид кард мусоҳиб.
Коренев ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия ёдовар шуд, ки ба назари ӯ, яке аз омилҳои аслии таҳкими тавоноии ҷангии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин зикр шудаст, ки теъдоди қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳудуди 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки дар пойгоҳи низомии 201-ум қариб 6 ҳазор нафар бозомӯзӣ ва таълим гирифтаанд.