https://sputnik.tj/20221209/rusiya-maktabho-rusi-tojikiston-pul-1053404302.html
Русия ба мактабҳои русии Тоҷикистон беш аз 5 миллиард рубл мефиристад
Русия ба мактабҳои русии Тоҷикистон беш аз 5 миллиард рубл мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Маблағ барои анҷоми корҳои сохтмону васлгарӣ ва таҷҳизонидани биноҳои мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сарф мешавад
2022-12-09T17:01+0500
2022-12-09T17:01+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051114038_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_b3230e89b0ddaf940fcef2b607236251.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, қарореро имзо кард, ки бар асоси он вазорати молия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон то 5 миллиарду 740 миллион рубл ҷудо мекунад. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Тибқи ин фармон, Вазорати молияи Русия бояд дар соли ҷорӣ ба Сандуқи Авруосиёии Субот ва Рушд кумаки молӣ ворид кунад. Ин маблағ барои анҷоми корҳои сохтмону васлкунӣ ва муҷаҳҳаз сохтани биноҳои муассисаҳои таълимии русзабони Тоҷикистон сарф мешавад. Сухан дар бораи мактабҳое меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ҷойгиранд. Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 мактаби русӣ кушода шуд, ки бо тамоми лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст.Дар ин маросим Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат доштанд. Дар ҳар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Муаллимони рус ба онҳо тибқи барномаҳое, ки махсус барои Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, таълим медиҳанд.
https://sputnik.tj/20221112/rossotrudnichestvo-maktab-dushanbe-kitob-tuhfa-1052779704.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051114038_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_a4dead0cb0ed493dbf17b6e7202859f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия мактабҳо русӣ тоҷикистон кумак
русия мактабҳо русӣ тоҷикистон кумак
Русия ба мактабҳои русии Тоҷикистон беш аз 5 миллиард рубл мефиристад
17:01 09.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Маблағ барои анҷоми корҳои сохтмону васлгарӣ ва таҷҳизонидани биноҳои мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сарф мешавад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, қарореро имзо кард, ки бар асоси он вазорати молия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон то 5 миллиарду 740 миллион рубл ҷудо мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Тибқи ин фармон, Вазорати молияи Русия бояд дар соли ҷорӣ ба Сандуқи Авруосиёии Субот ва Рушд кумаки молӣ ворид кунад.
Ин маблағ барои анҷоми корҳои сохтмону васлкунӣ ва муҷаҳҳаз сохтани биноҳои муассисаҳои таълимии русзабони Тоҷикистон сарф мешавад.
Сухан дар бораи мактабҳое меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ҷойгиранд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 мактаби русӣ кушода шуд, ки бо тамоми лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст.
Дар ин маросим Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат доштанд.
Дар ҳар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Муаллимони рус ба онҳо тибқи барномаҳое, ки махсус барои Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, таълим медиҳанд.