https://sputnik.tj/20221112/rossotrudnichestvo-maktab-dushanbe-kitob-tuhfa-1052779704.html
Россотрудничество ба мактабҳои Душанбе 2000 китоб туҳфа кард
Россотрудничество ба мактабҳои Душанбе 2000 китоб туҳфа кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон ва раҳбари намояндагии Россотрудничество ширкат карданд 12.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-12T12:24+0500
2022-11-12T12:24+0500
2022-11-12T12:24+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маориф
китоб
россотрудничество
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0c/1052778136_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_71aa62cf412e030ba894e449178ca02d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Чаҳор мактаби Душанбе аз сӯи Россотрудничество ҳудуди 2000 номгӯй адабиёти методӣ, бадеӣ ва таълимиро дарёфт карданд. Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт. Вай қайд кард, ин кафолати он аст, ки дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон умри дароз хоҳад дошт. Ҳамчунин, раиси идораи Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфт, "таъмини адабиёт ба мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кори муқаррарӣ аст, ки Россотрудничество анҷом медиҳад". Ба гуфтаи ӯ, талабот ба китоб ба забони русӣ дар кишвар зиёд аст, аз ин рӯ мо ин рисолати муҳим ва заруриро пайваста иҷро карда истодаем. То охири сол ба мактабҳои ҷумҳурӣ боз миқдори зиёди китобҳо дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли 2022 намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба мактабҳои кишвар ҳудуди 11,3 ҳазор китоб ҳадя кардааст.Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр бо ширкати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ баргузор шуда буд. Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар ҳар як мактаб 1200 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ба онҳо муаллимони забони русӣ таълим медиҳанд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20221109/dushanbe-taqviyat-maktab-rusi-tojikiston-1052709154.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0c/1052778136_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_a10578151a65c6033ad5cb12aa70c878.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, китоб, россотрудничество
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, китоб, россотрудничество
Россотрудничество ба мактабҳои Душанбе 2000 китоб туҳфа кард
Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон ва раҳбари намояндагии Россотрудничество ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Чаҳор мактаби Душанбе аз сӯи Россотрудничество ҳудуди 2000 номгӯй адабиёти методӣ, бадеӣ ва таълимиро дарёфт карданд.
Дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт.
"Иштирок дар маросими супоридани китобҳо ба мактабҳои шаҳри Душанбе барои ман ифтихори бузург аст. Хусусан хуш аст, ки ин чорабинӣ бо ифтитоҳи нимпайкараи барқароршудаи шоири бузурги рус А.С.Пушкин дар мактаби рақами 20 рост омад, - гуфт дипломат.
Вай қайд кард, ин кафолати он аст, ки дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон умри дароз хоҳад дошт.
Ҳамчунин, раиси идораи Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфт, "таъмини адабиёт ба мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кори муқаррарӣ аст, ки Россотрудничество анҷом медиҳад".
Ба гуфтаи ӯ, талабот ба китоб ба забони русӣ дар кишвар зиёд аст, аз ин рӯ мо ин рисолати муҳим ва заруриро пайваста иҷро карда истодаем. То охири сол ба мактабҳои ҷумҳурӣ боз миқдори зиёди китобҳо дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли 2022 намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба мактабҳои кишвар ҳудуди 11,3 ҳазор китоб ҳадя кардааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр бо ширкати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ баргузор шуда буд.
Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар ҳар як мактаб 1200 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ба онҳо муаллимони забони русӣ таълим медиҳанд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.