Рубл дар Тоҷикистон боло рафт

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ, пас аз коҳиши кутоҳмуддати чанд рӯзи ахир, ҳафтаро бо болоравӣ ҷамбаст кард. Вазъи доллару евро низ дар баробари сомонӣ беҳтар шудааст
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 159,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 158,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.7385 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.7196 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад, аммо на чашмгир. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.2062 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.2067 сомонӣ медиҳанд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Иқтисоддон сарнавишти доллар ва сомонӣ дар биржаи Маскавро пешгӯӣ кард
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме болотар нигоҳ медоранд.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0