Маълум шуд, ки чанд фисади русҳо ба Путин эътимод доранд

© POOL / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Казахстан
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Русиягиҳо назарашонро дар мавриди он, ки то чӣ ҳад ба роҳбари давлаташон бовар доранду то чӣ ҳад ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш мебарояд, баён доштанд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ҳудуди 75%-и русиягиҳо ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эътимод доранд, бармеояд аз натиҷаи наазарпурсии бунёди "Афкори омма".
Ҳамчунин ҳудуди ва 77% бар ин боваранд, ки ӯ дар мақомаш хуб кор мекунад.
Дар баробари 75%-и русиягиҳо, ки аз эътимодашон ба Путин гуфтаанд, ҳудуди 14%-и дигар дар нисбати роҳбари давлаташон изҳори нобоварӣ намудаанд. Ҳудуди 11%-и дигар дар ҷавоб додан дучори мушкилӣ шудаанд.
Ҳамчунин баробари баҳои хуби 77%-и пурсидашудагон ба кори Путин дар мақоми роҳбари давлат, 10%-и дигар бар ин боваранд, ки президент хеле бад кор мекунад.
Назарпурсии мазкур рӯзҳои 2-4 декабр миёни 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола болотар дар 104 маҳаллаи аҳолинишини 53 минтақаи Русия гузаронида шудаст.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Эрдуғон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо Путин баҳс накунанд: ӯ нафаре нест, ки ақиб равад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд.
Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0