https://sputnik.tj/20221103/erdughon-bo-rahbaroni-jahon-bar-sari-putin-bahsi-shadid-mekunad-1052600514.html
Эрдуғон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо Путин баҳс накунанд: ӯ нафаре нест, ки ақиб равад
Эрдуғон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо Путин баҳс накунанд: ӯ нафаре нест, ки ақиб равад
Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон мегӯяд, Путин касе нест, ки бо танқид қадаме ба ақиб гузорад. Вай ба сиёсатмадорони ҷаҳон маслиҳат дод, ки муносибати дурустро нисбат ба Русия пеш гиранд
2022-11-03T10:24+0500
2022-11-03T10:24+0500
2023-02-08T19:45+0500
туркия
владимир путин
эрдуғон
сиёсат
дар ҷаҳон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/98/1030829807_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_9dd9f47f61c2fa6f503c56c9084e9a1d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сиёсатмадорони ҷаҳонро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, бархӯрди онҳо ба раҳбари Русия Владимир Путин нодуруст аст. Ӯ дар ин бора зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии A Haber изҳор дошт. Вай гуфт, ки чанде пеш дар Прага дар саммити Иттиҳодияи сиёсии Аврупо ширкат варзид ва дар он ҷо бо ҳамкасбон мулоқот кард. Вай ба онҳо хато будани чунин бархӯрдро нисбат ба Русия фаҳмонд. "Агар шумо ба як давлате мисли Русия бархӯрдҳои нодуруст нишон диҳед, Путин худро ба ҳайси раҳбар муаррифӣ хоҳад кард, на руҳафтодашуда. Русия яке аз мӯътабартарин кишварҳои ҷаҳон аст ва оё шумо мехезед ва ба ин гуна ҳамлаҳо "ҳа" мегӯед? Ин имконнопазир аст", - таъкид кард, Эрдуғон. Вай ҳамчунин афзуд, ки раиси ҷумҳури Русия он гуна сиёсатмадор нест, ки "таҳти фишор болояш як қадам ба ақиб гузорад". Ҳамин тариқ, раҳбарони ҷаҳон оҳиста-оҳиста мавқеи худро нисбат ба Путин тағйир медиҳанд. Яке аз онҳо, ба гуфтаи Эрдуғон, Олаф Шолс, садри аъзами Олмон буд. "Як моҳ пеш вай нисбат ба Путин мавзеъгирии комилан дигарро ишғол карда буд ва ҳоло бархӯрди худ ба Русияро тағйир дода, ба зарурати пайдо кардани забони муштарак таъкид кардааст", - мегӯяд Эрдуғон.
https://sputnik.tj/20220909/turkiya-taslim-avrupo-peshgui-1051303071.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/98/1030829807_75:0:2804:2047_1920x0_80_0_0_1d212644fee722b3dca1305384fa37a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон раҳбарон ҷаҳон путин баҳс
эрдуғон раҳбарон ҷаҳон путин баҳс
Эрдуғон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо Путин баҳс накунанд: ӯ нафаре нест, ки ақиб равад
10:24 03.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эрдуғон мегӯяд, Путин касе нест, ки бо танқид қадаме ба ақиб гузорад. Вай ба сиёсатмадорони ҷаҳон маслиҳат дод, ки муносибати дурустро нисбат ба Русия пеш гиранд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сиёсатмадорони ҷаҳонро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, бархӯрди онҳо ба раҳбари Русия Владимир Путин нодуруст аст.
Ӯ дар ин бора зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии A Haber изҳор дошт.
Вай гуфт, ки чанде пеш дар Прага дар саммити Иттиҳодияи сиёсии Аврупо ширкат варзид ва дар он ҷо бо ҳамкасбон мулоқот кард. Вай ба онҳо хато будани чунин бархӯрдро нисбат ба Русия фаҳмонд.
"Агар шумо ба як давлате мисли Русия бархӯрдҳои нодуруст нишон диҳед, Путин худро ба ҳайси раҳбар муаррифӣ хоҳад кард, на руҳафтодашуда. Русия яке аз мӯътабартарин кишварҳои ҷаҳон аст ва оё шумо мехезед ва ба ин гуна ҳамлаҳо "ҳа" мегӯед? Ин имконнопазир аст", - таъкид кард, Эрдуғон.
Вай ҳамчунин афзуд, ки раиси ҷумҳури Русия он гуна сиёсатмадор нест, ки "таҳти фишор болояш як қадам ба ақиб гузорад".
Ҳамин тариқ, раҳбарони ҷаҳон оҳиста-оҳиста мавқеи худро нисбат ба Путин тағйир медиҳанд.
Яке аз онҳо, ба гуфтаи Эрдуғон, Олаф Шолс, садри аъзами Олмон буд.
"Як моҳ пеш вай нисбат ба Путин мавзеъгирии комилан дигарро ишғол карда буд ва ҳоло бархӯрди худ ба Русияро тағйир дода, ба зарурати пайдо кардани забони муштарак таъкид кардааст", - мегӯяд Эрдуғон.